logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ
алайҳи боз як заминфурӯш

Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як ҳолати қаллобӣ вобаста ба замин ошкор гардида, дар ин хусус парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Бино  ба иттилои  дафтари матбуоти агентӣ, нафари дастдошта дар ҷиноятӣ қаллобӣ Убайдулло Гулов буда, бо роҳи фиреб 56000 доллари амрикоии шаҳрванд «А» - ро аз худ намудааст. Номбурда ин маблағро барои ҷудо намудани якчанд қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои корами обии деҳаҳои «Деҳқонобод - 2» ва «Якатут» - и Ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ аз шаҳрванд «А» гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида, нисбат ба Убайдулло Гулов бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

НАШЪАҶАЛЛОБ
ба Душанбе истирдод шуд

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошт ва истирдоди як нафар шахси дар кофтуков қарордошта хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 26 феврали соли ҷорӣ шаҳрванд Воҳидов Ҳомид Ҷӯрақулович, сокини деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Ҳисор, ки бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон боздошт ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод шуд.
Нафари боздоштшуда, қаблан низ барои содир намудани ҷиноят маҳкум ба зиндон шудааст.

ДУЗДӢ
Яғмогарон ба даст афтоданд

Ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия дар ноҳияи Мурғоби Вилоя- ти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон се сокини ноҳия ба гумони дуздӣ дастгир шуд.
Бино ба навиштаи сомонаи ВКД, афроди боздоштшуда, ки мардони аз 39 то 41 - сола буданд, бо роҳи пинҳонӣ дар ҳудуди деҳаи Тохтамиш, 29  адад симчӯбро, ки ба ҶСК “Тоҷиктелеком” - и ноҳияи Мурғоб тааллуқ доранд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар робита ба ин амал зарари воридшуда 4841 сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2018    №: 47    Мутолиа карданд: 1140
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед