logo

маориф

ХАТЛОН. СОКИНОНИ БЕШКАППА КАЙ СОҲИБИ МАКТАБ МЕШАВАНД?

Танҳо соли 2017 бунёду навсозии беш аз 130 муассисаи таълимӣ ва фароҳам кардани 30679 ҷойи нишаст ба маблағи 431 516 ҳазор сомонӣ барои хонандагон далели равшани он аст, ки маориф аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ мемонад. Вале бо вуҷуди дастовардҳои қобили мулоҳиза ҳанӯз дар баъзе деҳаҳои дурдасти мамлакат мушкилиҳои мавҷудаи соҳа пурра аз байн нарафта, талабот ба бунёди муассисаҳои нави таълимӣ боқӣ мондааст, ки яке аз сабабҳои он афзоиши аҳолӣ дониста мешавад.
Чунончи сокинони деҳаи Бешкаппаи шаҳри Кӯлоб то ҳол аз надоштани мактаб танқисӣ мекашанд. Солҳост, ки фарзандони сокинони ин деҳа барои таълим ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 - и деҳаи Калот мераванд. Равуои мактаббачаҳо, ки тавассути шоҳроҳи мошингузар сурат мегирад, волидайнро нигарон кардааст. Дар фасли сармо ташвиши хонандагон ва падару модари онҳо дучанд мегардад.
Ба гуфтаи Хуршед Ҷалолов, сокини деҳаи мазкур, хонандагон борҳо  ҳангоми убури роҳ ба ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дучор шудаанд. Ҳангоми рух додани чунин ҳодисаҳо волидон як муддат фарзандони худро аз таҳсил боз медоранд, ки боиси пурра аз худ накардани барномаи таълимӣ мегардад.
Мавҷуд набудани муассисаи таълимӣ ва ба деҳаи дигар рафтани хонандагон барои бархе сокинон сабаб ва ё баҳонае шудааст, ки духтаронро пас аз гирифтани маълумоти асосӣ (синфи 9) аз таҳсил дур намоянд. Ҳол он ки бидуни маълумоти пурраи умумӣ (синфи 11) духтарон имкон надоранд, ки ба муассисаҳои олӣ дохил гардида, соҳиби маълумот ва касби дилхоҳ шаванд. Сафармо Шодиева аз ҷумлаи занонест, ки бо ин сабаб нагузоштааст духтаронаш маълумоти умумӣ бигиранд. “Ҳарчанд хоҳиши идомаи таҳсилро доштанд, аммо ман иҷозат надодам. Зеро ҳамеша дар ташвиши онам, ки духтаронам чи гуна ба мактаб рафта меоянд”, - мегӯяд ӯ.
Бешкаппа ягона деҳае нест, ки хонандагони он дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32 таълим мегиранд. Хонандагони деҳаҳои Файзобод ва Тоқакаппа низ дар ҳамин мактаб ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
То соли 2015 дар ин муассиса хонандагони деҳаҳои Тоқакаппа, Обшорон ва Дамариқ низ таълим мегирифтанд. Ба хотири рафъи ин мушкилӣ дар Тоқакаппа муассисаи нави таълимӣ сохта мавриди истифода қарор доданд. Баъди ба истифода додани бинои нав мушкили мавҷуда қисман ҳалли худро ёфта бошад ҳам, пурра аз байн нарафтааст. Акнун хонандагони  деҳаҳои Обшорону Дамариқ на дар муассисаи таълимии №32, балки дар мактаби деҳаи Тоқакаппа таълим мегиранд, яъне боз ҳам роҳи дарозеро тай намуда, ба мактаб мераванд.
Раҷабалӣ Мирзоев, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 аз мушкилоти мавҷуда бо изҳори нигаронӣ мегӯяд, ки хонандагон, хусусан духтарон, ба илм омӯхтан завқи зиёд доранд. Аммо мушкилоти мавҷуда боиси нагирифтани маълумоти пурраи миёнаи умумӣ гардидааст. Хуб мешуд, ки дар деҳаи Бешкаппа ҳам мактаби нав бунёд карда шавад.
Дар ҳамин ҳол, омӯзгорон ба аҳли зиёи деҳаи Бешкаппа аз қабули “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 - 2021” бо хушнудӣ истиқбол намуда, изҳори умед мекунанд, ки дар доираи татбиқи барномаи мазкур ин мушкил ҳал гардида, дар деҳа муассисаи таълимӣ бунёд хоҳад шуд.
Сарвиноз  ШОДМОНОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2018    №: 47    Мутолиа карданд: 1187
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед