logo

маориф

ДОВТАЛАБ ЭССЕ МЕНАВИСАД

Шурӯъ аз соли равон дар низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муасиссаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ кори хаттӣ (эссе) ҷорӣ карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 1 сентябри соли 2015 ҳангоми сафари кориашон ба шаҳри Кӯлоб иқдоми мазкурро эълом дошта, бар замми саводнокии фикрӣ саводнокии хаттии довталабонро тақозо намуда буданд.
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд, акнун довталабон илова ба пурсишҳои тестӣ эссе низ менависанд. Дар бораи эссе ва тарзи навишту қоидаҳои он то оғози имтиҳонҳо маълумоту раҳнамоҳои гуногун чоп ва паҳн карда мешаванд.
- То имрӯз барои ошноии бештар бо ин тарзи санҷиш дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», ҳафтаномаи «Омӯзгор» ва моҳномаи «Маърифати омӯзгор» мақолаю  матлабҳо  нашр шуда буданд. Довталабони дохиливу хориҷӣ номгӯи мавзӯъҳои эссеро аз сомонаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва нашрияҳои он дастрас карда метавонанд, - изҳор дошт сардори маркази матбуотии вазорат Э. Сафарзода.
Довталабон имконият доранд, ки мавзӯъҳои пешниҳодшударо то фаро расидани муҳлати имтиҳон пурра омӯхта, ҳамроҳи омӯзгоронашон омодагии ҷиддӣ бубинанд.
Ёдовар мешавем, ки мавзӯъҳои кори хаттӣ аз фанни забон ва адабиёт буда, ба се бахш тақсим шудаанд: адабиёти классикӣ, муосир ва мавзӯъҳои озод. Мавзӯъҳои озод муқаддасоти миллӣ, рукнҳои давлатӣ, асосҳои ҳуқуқ ва давлат, ваҳдату ягонагӣ ва хидматҳои мондагори Пешвои миллатро дар давлатсозии навин фаро мегиранд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.02.2018    №: 48    Мутолиа карданд: 1258
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед