logo

номаҳо

ЧАРО ҲУКМИ СУД ИҶРО НАМЕШАВАД?

Таъмини волоияти қонун, баробарии иҷтимоӣ, адолати судӣ ва таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ аз масъалаҳоест, ки ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор доранд. Президенти маҳбуби кишвар 22 декабри соли 2016 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат аз сари вақт иҷро нашудани қарорҳои судӣ изҳори нигаронӣ карда, ба Вазорати адлия, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки бо назардошти таҷрибаи пешқадам механизми самараноки таъмини иҷрои қарорҳои судӣ ва чораҳоро ҷиҳати таъмини фаъолияти иҷрочиёни суд таҳия ва пешниҳод намоянд.
Мутаассифона, то ҳол ба пуррагӣ иҷро нашудани қарорҳои судӣ дар ҷомеа вуҷуд доранд, ки ман инро дар таҷрибаи худ дидам. Ҳанӯз 15 ноябри соли 2014 дар Маркази савдои ҶДММ «Сино» ва «Баҳор» - и шаҳри Хуҷанд сӯхтор ба амал омада, хисороти зиёдеро ба бор овард. Дар баробари дигар мағозаҳои фурӯши молу коло фурӯшгоҳи ба ман тааллуқдошта низ оташ гирифта, молу амволам, ки қисмати зиёдаш ба тариқи қарзи бонкӣ гирифта шуда буд, сӯхта нобуд шуд.
Мо барои барқарор намудани зарари воридшуда аз ҳисоби моликони маркази савдо ба суд муроҷиат кардем. Ин масъаларо дар бинои суди шаҳри Хуҷанд суди ноҳияи Ашт баррасӣ намуда, санаи 27 августи соли 2015 қарор дар бораи рӯёндани зарари ба ман расидаро қабул намуд. Вале бо гузашти ду сол ҳанӯз ҳам  қарори суд иҷро нашуда, аз маблағи умумии таъйиншуда, ҳамагӣ 16 дарсадашро гирифтаму халос. Борҳо ба мақомоти суд ва дигар ниҳодҳои дахлдор муроҷиат кардам, вале натиҷае ба даст наомад. Аз ин рӯ, қарор додам, ки тавассути рӯзномаи бонуфузи «Ҷумҳурият» арзамро ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ расонам, ба умеде, ки мисли дигар муроҷиаткунандагон ба мушкили ман ҳам расидагӣ сурат гирад.
Маърифатхон ХОЛМАТОВА,
сокини шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.02.2018    №: 48    Мутолиа карданд: 1486
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед