logo

порлумон

ДУШАНБЕ. ДАСТРАСИИ СОКИНОН БА МАҲСУЛОТИ ХУШСИФАТ БЕШТАР МЕГАРДАД

Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот ва дастрасии аҳолии пойтахти мамлакат ба маҳсулоти хушсифату нисбатан арзон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» - ро баррасӣ ва  қабул намуданд.
Меҳринамо Ҷонмуҳаммадзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни тавзеҳи лоиҳаи мазкур дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки бар асоси ин тағйирот дар соли 2018 Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе ҳангоми фурӯши озуқа, воридоти маҳсулот, ки номгӯйи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод мешавад.
Муовини вазир зикр кард, ки аҳолии шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна 1 миллиону 200 ҳазор нафар буда, талаботи солона ба маҳсулоти асосии ғизоӣ аз рӯи тавсияномаҳои методӣ ва муайян намудани сабати истеъмолӣ 408,1 ҳазор тонна бо арзиши 1,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе ба аҳолии пойтахт маҳсулоти озуқаворӣ тақрибан дар ҳаҷми 81,6 миллион тонна бо арзиши 310,2 миллион сомонӣ таъмин карда мешавад, ки маблағи аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озодшаванда 55,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Зикр шуд, ки маблағи аз ҳисоби имтиёзҳои пешбинишудаи андозӣ ба ихтиёри корхонаи мазкур гузошта шуда, он имкон фароҳам меорад, ки корхона дар мавсими ҳосилғундорӣ, маҳсулоти озуқавориро захира намояд ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани нарх онро бо нархҳои дастрас дар пойтахти кишвар ба фурӯш барорад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2018    №: 51    Мутолиа карданд: 5304
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед