logo

энергетика

Хати баландшиддати «Ҷануб – Шимол» қадами бузурге ба пеш аст

Дар чанд соли охир дар манотиқи гуногуни кишвар он қадар иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки  бешубҳа, аз пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ дарак медиҳанд.
 Хати баландшиддати 500 киловаттаи «Ҷануб–Шимол» аз ҷумлаи силсилаиншоотест, ки ба хотири таъмини шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистон бо барқ  сохта мешавад. Баъди мавриди истифода қарор додани он  шароит фароҳам меояд,ки  шимоли мамлакат дигар дастнигари  барқи кишвари бегона нашавад. Минбаъд аҳолии вилояти Суғд аз нерӯи НБО-и Норак таъмин хоҳад шуд.
 Тибқи лоиҳа ва мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истгоҳи барқ  дар ҳудуди ноҳияи Ғончӣ, каме дуртар аз шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанак сохта  шуда, бунёди он ба ӯҳдаи  ширкати ТВЕА-и ноҳияи мухтори Шин-Ҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин вогузор шудааст.
 Бо назардошти ба чи аҳамияти бузурги сиёсиву иқтисодӣ молик будани иншооти мазкур маротибае чанд  аз ҷараёни кори он барои нашрия матолиб омода кардаам. Бешубҳа, ҳар бори омадан ба ин ҷо маро ҳаяҷоне фаро мегирад аз ифтихори ватандориву соҳибистиқлолии кишвар. Ва ба мушоҳида мерасад, ки  мутахассисони тоҷик зина ба зина пеш мераванду малакаи бештари корӣ пайдо ва тахассусҳои наву замонавиро аз худ мекунанд.
Ин ҷо тоҷикон дар якҷоягӣ бо мутахассисони чиноӣ бо азми дучанд кору пайкор доранд ва мехоҳанд ҳарчи зудтар истгоҳ ва зеристгоҳҳо мавриди истифода қарор гиранду сокинони шаҳру навоҳии вилоят мӯътадил бо қувваи барқ таъмин бошанд ва корхонаҳо ба истеҳсолоти бардавом муваффақ шаванд.
 Дар ҳамин  чанд сафари корӣ, ки ба ин ҷо доштем, муовини аввали раиси ноҳияи Ғончӣ Абдумуталиб Аҳмадов моро самимона истиқбол мегирифту аз рафти кори сохтмон,шароити заҳмату фароғати мутахассисон, нангу номуси миллӣ, ҳубби ватандорӣ  ҳарф мезад.
 -Чун мо огоҳӣ ёфтем, ки зеристгоҳ дар ноҳияи мо сохта мешавад, аз ростӣ хушҳол шудем, -иброз медорад Абдумуталиб Аҳмадов, - зеро ноҳияи мо сирф кишоварзӣ буда, корхонаҳои саноатӣ нестанд ва табиист, ки бунёди иншооти мазкур дар қалбҳоямон шӯълаи умедеро барафрӯзонид. Бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулот дар оянда имкон медиҳад, ки чандин нафар сокини деҳот соҳиби ҷои кор, музди хуб шавад.
Баробари оғози кор бисёр ҷавонон воқеан ҳам соҳиби шуғли доимӣ  гаштанд. Музди меҳнат то ба  800-1000 сомонӣ расид. Кор дар иншоот босуръат идома дорад. Албатта, ин ба манфиати мост, чунки  дигар намехоҳем аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя барқ харидорӣ намоем. Ба хотири раҳоӣ аз ана ҳамин ҳолат Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон  тасмими ҷиддӣ гирифт, ки истгоҳи барқ бунёд ёбад. Ин қадами бузургест ба пеш.
Чиноӣ Зям Зямин, сардори сохтмон, ки мутахассисони маҳалӣ ӯро «Алёша» ном мебаранд, бо риояи ҷиддӣ тибқи лоиҳа ҷараёни корро ба роҳ мондааст.
 Мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ барои сохтмони иншоот на кам аз 3 сол ҷудо шуда бошад ҳам, мутахассисони ширкати ТВЕА тасмим доранд анҷоми корро дар 2,5 сол таъмин намоянд.
-Мо дар мулки шумо худро хеле осуда эҳсос мекунем, - мегӯяд Зям Зямин, - тоҷикон хеле меҳмоннавоз мебошанд. Мехоҳем дар пешрафти иқтисодиёти шумо саҳм гирем. Имрӯз ин ҷо 400 нафар кор мекунад ва аксарияти онҳо тоҷиконанд. Дар оянда истгоҳу зеристгоҳҳоро мутахассисони тоҷик идора хоҳанд кард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  ҳини сафари корӣ ба вилояти Суғд дар моҳи июни соли 2009  аз ҷараёни кори иншоот дидан карда, иброз дошта буд, ки ҳадаф аз  бунёди хати мазкур, пеш аз ҳама ташкили шабакаи ягонаи энергетикии кишвар ва ба таври мӯътадилу мунтазам бо барқ таъмин кардани аҳолии минтақа, инчунин соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти саноативу кишоварзии он мебошад.
  Акнун марҳилаи дувум  оғоз ёфтааст: аз истгоҳ  кашидани хати 220 КВТ ба ду самт: -яке ба шаҳру навоҳии Хуҷанд-Исфара-Конибодом-Мастчоҳ-Ашт ва дигаре ба самти ноҳияҳои Зафаробод, Ғончӣ, Истаравшан. Анҷоми комили ин марҳилаи корӣ то оғози соли нав ба нақша гирифта шудааст.    

Ҷовиди Аштӣ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4912
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед