logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТ БО КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни иди касбии кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ бо роҳбарият ва дигар масъулини ниҳоди мазкур мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст, дар саҳни ҳавлии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони мақомоти прокуратураи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои мамлакат  калиди 18 мошини нави сабукрав ва 3 мошини бо таҷҳизоти криминалистӣ муҷаҳҳазро барои истифодаи хизматӣ тақдим карданд.
Сипас, дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Низоми идоракунии иттилоотии гардиши электронии ҳуҷҷатгузорӣ дар дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ ва тарҳи лоиҳаи сохтмони бинои маъмурӣ дар ҳудуди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки мақсад аз ҷорӣ кардани Низоми идоракунии иттилоотии гардиши электронии ҳуҷҷатгузорӣ дар дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ ба низоми электронӣ гузарондани фаъолияти коргузорӣ, дастрасии фаврӣ ба иттилоот ва таъмини идоракунии самарабахши назорати автоматӣ мебошад.
Бинои маъмурие, ки дар ҳудуди Прокуратураи генералӣ бунёд мешавад, аз таҳхона ва 7 ошёна иборат буда, арзиши он 23 миллиону 555 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Назорати сохтмони иншооти мазкур ба уҳдаи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.
Баъди гузоштани санги асос барои сохтмони бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур доданд, ки ҳангоми бунёди иншооти маъмурӣ ба сифати корҳо ва тарҳи меъмории он диққати махсус диҳанд.   
Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи мақомоти прокуратураи Тоҷикистон дар толори барҳавои маҷлисгоҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амният, мудофиа, Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. 
Зимни суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомотро бо иди касбӣ ва фарорасии Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар иҷрои кори пуршараф ва пурмасъулият барору комёбӣ орзу намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳа ва фаъолияти кормандони прокуратураро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлилу баррасӣ карда, барои таъмини волоияти қонун, риояи ҳатмии қонунгузорӣ ва иҷрои дигар супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
Таъкид гардид, ки мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст.
Зимни таҳлилҳои амиқ, Сарвари давлат таваҷҷуҳи ҳозиринро баҳри ошкор, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна қонуншиканиҳо дар масъалаи истифодаи замин, бо дарназардошти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон пешгирӣ кардани воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрока, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти татбиқи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон”, “Дар бораи баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, инчунин, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, аз байн бурдани ҷиноятҳои марбут ба экстремизм, терроризм, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ҷалб карда, ба Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, инчунин, дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар бораи таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат ба такмил ва рушди мақомоти прокуратура давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, беҳбудии сатҳи иҷтимоии кормандони сохтор, бунёди манзилҳои зист ва тақсими замин барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ, инчунин, дигар қадршиносии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кормандони мақомоти прокуратураи кишвар, андешаронӣ карданд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи кормандони мақомоти прокуратураро бо иди касбӣ ва фарорасии Наврӯз шодбош гуфта, ба онҳо комёбиҳои беназир орзу намуданд.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф, ёрдамчии калони прокурори генералӣ Шоҳин Талбакзода, муовини прокурори шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Муқаддас Почомулло, прокурори ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Далер Музофирзода ва прокурори калони вилояти Хатлон Пирзода Парвиз Раҷабалӣ баромад карда, аз номи кормандони прокуратура ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста ва боз ҳам боло рафтани сатҳи иҷтимоию иқтисодии кормандон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2018    №: 52-53    Мутолиа карданд: 1436
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед