logo

ҳуқуқ

ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДА. ТАДБИРҲОИ ВИЖАИ ҲИМОЯ

Бархе истеъмолкунандагон аз сабаби надонистани ҳуқуқҳои худ дар мағозаю бозор ҳангоми харид ба иштибоҳ роҳ дода, фиреб мехӯранд. Аз ин рӯ, баъзан  моли харидашуда нуқсдор мебарояд. Надонистани ҳуқуқҳои хеш ҳамчун истеъмолкунанда боиси ҳимоя карда натавонистани манфиатҳоямон мегардад.  

Ҷиҳати таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои  истеъмолкунанда дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёде ба сомон расонда шуданд. 15 майи соли 1997  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул гардид, ки он аз 9 декабри соли 2004 дар таҳрири нав  мавриди амал қарор гирифт. Қонуни мазкур  муносибатҳои истеъмолкунанда, истеҳсолкунанда,  иҷрокунанда ва  фурӯшандагонро ҳангоми савдои мол ва хизматрасонӣ ба танзим медарорад. Ду сол пеш ин қонун бо тағйиру иловаҳои нав мукаммалтар гардид. Тибқи ин қонун, истеъмолкунандагон ба ҳифзи саломатӣ аз зарари мол, бехатарии мол, ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ, маълумот дар бораи мол ва муомилоти он, муҳити зист, изҳори назари худ оид ба мол ва муроҷиат ба суду дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ доранд. Масалан, тибқи моддаи 20 ҳамин қонун нуқсонҳои ошкоршудаи моли харидорро истеҳсолкунанда ё фурӯшанда бояд бетаъхир бартараф созад. Муҳлати ниҳоии бартарафсозии нуқсонҳо 14 рӯзи корӣ баъд аз шикояти истеъмолкунанда муқаррар гардидааст.
- Ҳолатҳои  ҳуқуқҳои истеъмолкунандаро поймол кардан хеле зиёданд. Аз ин лиҳоз, донистани ҳуқуқҳои худ танҳо ба манфиати иқтисодии шаҳрвандон мебошад. Давоми соли 2017 ба суроғаи шуъбаи мо муроҷиатҳои зиёди хаттӣ ва шифоҳӣ дохил гардиданд. Аз 20 аризаи хаттӣ баррасии 17 адад ба манфиати истеъмолкунандагон анҷом ёфт, - гуфт зимни суҳбат Дилшод Қурбонов, сардори шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.
Дар хадамот барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани ҷашни Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст ва тибқи он бо хонандагону донишҷӯён, сокинони маҳаллаҳо ва соҳибкорон вохӯрию ҳамоишҳо гузаронда мешаванд.
Убайдулло РАҲИМОВ,  рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2018    №: 55    Мутолиа карданд: 1254
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед