logo

номаҳо

ЧАРО КОЭФФИТСИЕНТИ БАЛАНДКӮҲӢ ҶОРӢ НАШУД?

Боиси хурсандию фараҳмандии ҳамагон аст, ки имрӯзҳо сокинони кишвар баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари хирадкешу ояндаандеши миллат даст ба ободкорию созандагӣ зада, баҳри гул-гулшукуфии он талош меварзанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми яке аз сафарҳои кориашон ба ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, махсусан водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, ки  соли 2016  сурат гирифта буд, ба ҳалли чанд мушкилоти ҷойдоштаи сокинони деҳаҳои болооби Бартанг махсус таъкид намуданд. Яке аз ин супоришҳо боло бардоштани маоши омӯзгорони рустоҳое, ки аз сатҳи баҳр дар баландии зиёд кору зиндагӣ доранд, яъне ба маоши онҳо  илова кардани коэффитсиенти баландкӯҳӣ буд.
Мо, омӯзгорони деҳаи Рошорви ноҳияи Рӯшон, ки аз сатҳи баҳр дар баландии 3200 метр зиндагӣ дорем, аз ғамхориҳои доимии Пешвои миллат ҳамеша миннатдорем ва гарм истиқбол мегирем. Аммо аз чӣ бошад, ки супориши мазкур ҳанӯз ҳам амалӣ нагардида истодааст? Бинобар ин, мо – як гурӯҳ омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30 - и  деҳаи Рошорви ноҳияи Рӯшон барои ҳалли ин масъала аз тариқи рӯзномаи дӯстдоштаамон «Ҷумҳурият» ба масъулини соҳа муроҷиат менамоем ва умедворем, ки ин масъала мавриди баррасии мақомоти дахлдор қарор хоҳад гирифт.
Мусайришо ҚИЗИЛОВ,
Ҷумъахон ЁРМОНОВ,
Лутфулло ТОҲИРБЕКОВ, омӯзгорони МТМУ № 30,
ноҳияи Рӯшон, ҷамъ 28 нафар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2018    №: 55    Мутолиа карданд: 1461
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед