logo

туризм

БАДАХШОН. БЕҲТАРИН САМТИ САЙЁҲӢ

Бадахшони кӯҳии Тоҷикистон ба рӯйхати «100 самти беҳтарин барои сайёҳӣ» ворид шуда, дар минтақаи Осиё ва ҳудуди уқёнуси Ором мақоми аввалро соҳиб шуд.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд, маросими ҷоизасупорӣ дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ (ITB) Берлин -2018, (7-11март) доир гардид. Ҷоиза ба намояндаи Ассотсиатсияи сайёҳии фарҳангиву экологии ВМКБ Ситора Саодатқадамова супурда шуд.
Таъкид гашт, ки эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ чун яке аз беҳтарин маконҳои сайёҳии ҷаҳон барои ҷалби бештари туристони хориҷӣ ба кишвар мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи намоишгоҳ, 8-умин ҷамъомади вазирони сайёҳии давлатҳои иштирокчии барономаи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ «Шоҳроҳи бузурги Абрешим» баргузор шуд, ки дар он муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода ширкат варзид.
Зимни ҳамоиш нақши рушди сайёҳӣ дар ҷаҳони муосир, махсусан дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гаштани сатҳи зиндагии мардум, таъкид гардид. Ҳамчунин, дар бораи рушди сайёҳӣ дар кишварҳои ба барномаи «Шоҳроҳи бузурги Абрешим» дохилшаванда табодули афкор сурат  гирифт.
Боиси тазаккур аст, ки дар калонтарин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ҷаҳон (ITB) Берлин – 2018  намояндагони 16 ширкати сайёҳии ватанӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро зери шиори "Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ» бо тарҳи нав ва унсурҳои миллӣ, ки инъикосгари захираҳои бойи таърихиву  фарҳангӣ ва табиии кишвар мебошанд, пешниҳоди дӯстдорону  ҳаводорони сайру саёҳати ҷаҳон гардонданд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2018    №: 55    Мутолиа карданд: 1339
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед