logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТ БО ЗИЁИЁНИ МАМЛАКАТ

19 марти соли 2018 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи Ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.

Дар оғоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи тоҷик, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи зиёиёни мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо дар Соли нави аҷдодӣ бахту нишот, сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона ва ба зиёиёни кишвар неруи тоза ва илҳоми эҷодӣ орзу карданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки аҳли зиёи кишвар, олимону донишмандон, муаррихон минбаъд ба омӯзиш ва таҳқиқи асолати таърихии Ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, аҳли эҷод беҳтарин асарҳои худро ба ин мавзӯъ мебахшанд ва нақши ҷаҳонии онро дар таҳкими сулҳу субот, дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити судманди тамаддунҳо боз ҳам равшану возеҳ месозанд.
Барои ба насли оянда шинос кардани ғояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва арзишҳои фарҳанги миллӣ дастур доданд, ки зиёиён бояд бо мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон мунтазам вохӯриҳо гузаронда, аҳамияти онҳоро фаъолона тарғиб намоянд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба неруи созандаи зиёиёни Ватан бовару эътимод дорем ва минбаъд низ пайваста ба ин неру такя карда, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ давлат ва ҷомеаро ба сӯйи пешрафту тараққиёт раҳнамоӣ хоҳем кард.
Чун соли 2018 аз ҷониби Президенти мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин дар бораи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт андешаҳои ҷолиб баён доштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зиёиёни мамлакат ва мардуми кишварро ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо саодати зиндагиро орзу намуданд.
Баъди суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иштирокчиёни мулоқот  - Сулаймони Аҳтам - шоири ҷавон, роҳбари маҳфили «Адибони ҷавон»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Насима Қосимӣ - аспиранти соли дуюми Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳо ва Низом Қосим - раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баромад карда, оид ба дастгириҳои амиқи Пешвои миллат аз рушди бахшҳои иҷтимоӣ, ҷонибдории ташаббусҳои аҳли зиёи мамлакат, эълони соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дигар тадбирҳои созандаи Ҳукумати кишвар ибрози назар намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2018    №: 57-58    Мутолиа карданд: 1328
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед