logo

маориф

МАОРИФ. САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР РУШДИ ОН МЕАФЗОЯД

Маориф яке аз соҳаҳои муҳиму афзалиятноки давлат маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ корҳои ободонӣ дар ин самт сол то сол зиёд гашта истодааст. Файзулло Наҷмиддинов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод, аз бурду бохти ду соли охири соҳа маълумот дода, изҳор намуд, ки дар сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ соҳибкорони саховатманд саҳми хешро гузошта истодаанд.
 
Яке аз онҳо Ҷамшед Ғафуров аст, ки барои беҳтар гардондани сатҳу сифати таълим ва рушди соҳа беш аз 160 ҳазор доллари амрикоӣ сарф намудааст. Қобили зикр аст, ки ин ҷавонмарди ватандӯст 50 ҳазор доллар барои навсозии варзишгоҳи мактаби хатмкардаи худ харҷ кард. Ҳамчунин, бо ташаббуси ӯ барои таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, воқеъ дар деҳаи Кенҷаобод бо маблағи беш аз 100 ҳазор доллар бинои нав сохта шуд.
Ф. Наҷмиддинов миннатдории худро ба Ҷ. Ғафуров изҳор дошта, дар радифи ӯ номи мардони саховатпеша Нусрат Саломов ва Темур Юнусовро зикр кард, ки аз корхонаҳои шахсиашон барои муассисаҳои таълимии ноҳия маводи зарурӣ ҷудо намудаанд.
Танҳо соли гузашта бо ҷалби маблағҳои соҳибкорони маҳаллӣ дар назди мактабҳои деҳаҳои Кӯлобиён, Навобод ва Меҳробод 400 ҷойи нишасти иловагӣ омода шуд. Муассисаҳои таълимии рақамҳои 23, 24, 26, 29 ва 32 низ  бо дастгирии мардони саховатманд соҳиби синфхонаҳои нав гардиданд. 
Бояд қайд намуд, ки се сол пеш бо ибтикори роҳбарияти ноҳияи Файзобод суратҳисоби «Хазинаи саховатмандони диёр» кушода шуд. Тайи се сол барои ободонӣ аз ин хазина ҳазорҳо сомонӣ сарф шуд.
Ҷӯрабек МУЪМИН, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2018    №: 57-58    Мутолиа карданд: 1128
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед