logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Фарҳод Тоиров, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарух Алибекзода, ҳуқуқшиноси калони Бюрои давлатии ҳуқуқӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷавоб доданд.


Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 муроҷиат намоянд.
- Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии оинномаи муассисаи таълимӣ кадом мақомот аст?
Сиёвуш АБДУРАҲИМОВ, шаҳри Бохтар

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва ба роҳ мондани ду намуди муассисаи таълимӣ: муассисаи таълимии буҷетӣ ва муассисаи таълимии хусусӣ иҷозат дода шудааст. Бақайдгирии оинномаи чунин муассисаҳо аз якдигар фарқ мекунанд.
Агар муассисаи таълимӣ хусусӣ бошад, он гоҳ ин муассиса ҳамчун ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд ташкил шуда, оинномаи он аз тарафи муассис тасдиқ ва аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдор дар соҳаи маориф, нозироти андози маҳали фаъолият ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба қайд гирифта мешавад. Агар муассисаи таълимӣ буҷетӣ бошад, он гоҳ оинномаи онро муассис тасдиқ карда, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, нозироти андози маҳаллӣ ва мақомоти ваколатдори соҳаи маориф ба қайд мегиранд.

- Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ шавҳарам вафот кард. Ман бо фарзандони ноболиғам бе саробон мондем. Марҳум шавҳарам зиндагиро таъмин мекард. Ҳоло бароям таъминоти фарзандони ноболиғ мушкил аст. Оё ман ё фарзандони ноболиғам ба ягон кумакпулӣ ҳуқуқ дорем ё на?
Нигора САИДОВА,  шаҳри Панҷакент

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”, ки шартҳои таъйини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробонро муқаррар менамояд,  агар дар оила шавҳари вафоткарда кор мекарду аз музди меҳнати ӯ андози иҷтимоӣ нигоҳ дошта мешуд, фарзандони ноболиғи саробони фавтида, бинобар сабаби фавти саробон ба гирифтани нафақа ҳуқуқ доранд.  Агар саробони фавтида расман кор намекард ё собиқаи кории кофӣ надошт (камтар аз 5 сол кор кардааст) оилаи ӯ бо нафақаи иҷтимоӣ таъмин карда мешавад.

- Ман молики ду манзили истиқоматӣ буда, дар қайди ҳамон манзиле қарор дорам, ки он ҷо зиндагӣ намекунам. Нозири минтақавӣ маҷбур карда истодааст, ки худро дар манзили зиндагӣ мекардагиям, дар қайд монам. Оё талаби нозири минтақавӣ дуруст аст?
Холмурод САФАРОВ,  шаҳри Левакант

Мутобиқи талаботи моддаи 21 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматгоҳ маҳалле эътироф мешавад, ки шахс дар он доимӣ ё бештар зиндагӣ мекунад. Тибқи низомномаи низоми шиноснома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бошад, шахс дар ҷои зисти доимиаш бояд дар қайд бошад. Аз ин рӯ, ба шумо зарур аст, ки дар ҷои зисти доимӣ худро ба қайд гузоред ва талаби нозири минтақавӣ дар ин маврид ғайриқонунӣ нест.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2018    №: 59-60    Мутолиа карданд: 1600
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед