logo

ҳуқуқ

ДАНҒАРА. ҶИНОЯТКОРӢ ДАР БАЙНИ НОБОЛИҒОН КОҲИШ ЁФТААСТ

Вобаста ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ҳамзамон барои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон корҳои фаҳмондадиҳӣ пайваста гузаронда мешаванд.

Тавре Бунафша Файзиддинзода, раиси комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ба мо иттилоъ дод, соли гузашта дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо иштироки кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия байни ноболиғон 18 чорабинии муштарак доир карда шуд. Самараи ҳамин чорабиниҳо буд, ки соли 2017 ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ба таври назаррас коҳиш ёфт. Аз ҷумла, дар давоми соли гузашта аз ҷониби 4 ноболиғ 8 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 10 ҳолат кам мебошад.
Хушбахтона, дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ ҳеҷ як мавриди қонуншиканӣ ё содир шудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғони ноҳия сабт нашудааст, ки натиҷаи онро масъулон дар тақвияти ҳамкории волидайн бо мактабу маориф ва корҳои фаҳмондадиҳӣ медонанд. Дар ин давра сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо кормандони ШВКД дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ 6 чорабинӣ  гузаронданд.
Дар ҳамин ҳол, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ноҳия тасмим гирифтааст, ки барои расидан ба натиҷаҳои боз ҳам назаррас соли ҷорӣ чорабиниҳои маърифатӣ - ҳуқуқиро миёни аҳолӣ, бахусус наврасон бештар ба роҳ монад.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ,  коромӯз


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2018    №: 59-60    Мутолиа карданд: 1180
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед