logo

туризм

ПОКРӮД. ИМКОНИЯТҲОИ НАВИ РУШДИ САЙЁҲӢ

Мавзеи Покрӯди дараи Ромити шаҳри Ваҳдат аз ҷумлаи минтақаҳои сайёҳиест, ки дорои иқлими мусоид ва манзараҳои нотакрори табиат буда, дар аҳди шӯравӣ ҳам мавзеи гардишгариву саёҳати илмӣ ва омӯзишӣ будааст. Таърихи зиндагии инсонҳо дар Покрӯд ва дараи Ромит ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим бо оинҳои Меҳр ва Авасто оғоз шудааст.

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 5 соли охир дар ин минтақа таҳаввулоти чашмрасе ба миён омада, барои рушди сайёҳӣ заминаҳои зарурӣ фароҳам шудаанд. Агар қаблан сокинони ин сарзамин дар шароити носозгори иҷтимоӣ - бе неруи барқ, хизматрасониҳои таълимиву тиббӣ ҳаёт ба сар мебурданд, дар замони Истиқлолияти давлатӣ ин мушкилот аз байн рафта, роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаҳои зиёди саноатӣ, ҳавзҳои  моҳипарварӣ ва ғайра бунёд гаштаанд. Ҳоло барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, меҳмонхонаҳо, марказҳои пажӯҳишӣ дар бахшҳои биология, экология, пиряхшиносӣ, табиатшиносӣ, гиёҳшиносӣ тадбирҳое рӯи даст гирифта шудаанд.
Саёҳат дар дараи Ромит нисбат ба дигар минтақаҳо тафовут дорад. Зеро ин минтақаро кӯҳҳои басо баланд, рӯдхонаҳои поку соф ва экосистемаи нодиру беолоиш фаро гирифтааст. Покрӯд дар қисми шимолии дараи Ромит ҷойгир буда, ҷуғрофия ва табиати ин сарзамин дар тамоми фаслҳои сол диданӣ ва ҷаззоб аст. Барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Покрӯд тамоми имкониятҳо фароҳам шудааст. Аз ҷумла, бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат истироҳатгоҳи Покрӯд бо тамоми шароити мудерн ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии туристӣ бунёд гаштааст.
Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, танҳо соли равон бунёди 8 мактаб, 5 бунгоҳи тиббӣ, беморхонаи марказӣ ва лоиҳаи интиқоли хати неруи барқ барои деҳаҳои болоби дараи Ромит ба нақша гирифта шудааст, ки татбиқи ин нақшаҳо дорои аҳамияти муҳим мебошанд.
Дар атрофи рӯдхонаи Покрӯд меҳмонхонаҳои наву замонавӣ дар ҳоли бунёд аст, ки метавонанд  ҳамарӯза то 100 нафар сайёҳи дохиливу хориҷиро қабул намоянд. Гузашта аз ин, дар рӯдхона парвариши моҳиҳои гуногун аз қабили гулмоҳӣ ба роҳ монда шудааст, ки барои ҷалби сайёҳон  мувофиқи мақсад аст. Бояд гуфт, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ ҳамасола ҳазорон нафар сайёҳону пажӯҳишгарони соҳаи геология ва тиб аз кишварҳои ҷаҳон ба Ромит меомаданд. Воқеан, табиат дар соҳили дарёи Покрӯд хеле сокиту ором ва дорои муъҷизаҳои ношинохта аст. Табиати орому бикри ин сарзамин ҳар инсонро ба шинохти маърифати ҳаёт ва эҳтироми обу хоки Ватан водор менамояд.
Имрӯз дар дараи Ромит деҳаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки сокинони онҳо ҳангоми суҳбат калимаю вожаҳои суғдиро истифода мебаранд. Калимаву вожаҳое, назири покрӯд, арху, вускейф, вистан, пишандуч, коху, хушон, руфиғар, пучеф мавриди истифода қарор доранд, ки баёнгари асолати таърихист.
Мавзеи Покрӯд дар фосилаи 75 километраи шаҳри Ваҳдат қарор дошта дар тамоми фаслҳои сол имконият барои сафар ба ин макони дилангез вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, табдил додани ин сарзамин ба яке аз хатсайрҳои нав саҳифаи тозае дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз хоҳад шуд.
Фатҳиддин ЗАМОН,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2018    №: 59-60    Мутолиа карданд: 1232
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед