logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар зиёфати хоссаи “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 23 марти соли 2018,

Муҳтарам ҷаноби муовини Раиси Маҷмаи умумӣ!
Муҳтарам ҷаноби муовини Дабири кулл!
Хонумон ва ҷанобон!
Имрӯз мо ҳамроҳ муколамаи нахустини худро, ки ба оғози “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бахшида шуда буд, комгорона анҷом  додем.
Муҳокима ва табодули васеи афкор миёни ширкаткунандагон нишон медиҳад, ки мо бояд саъю талошамонро дар самтҳои гуногун ҷиҳати таъмини саривақтии ноилшавӣ ба вазифаву ҳадафҳо дар соҳаи захираҳои об ҷоннок намоем. 
Зимнан, зарурати ба инобат гирифтани паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим, ки беш аз пеш рух медиҳанд, ба миён омадааст. Мушоҳидаҳои чандинсолаи коршиносони мо аз пурзӯршавии таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ гувоҳӣ медиҳанд. Мутобиқи ин мушоҳидаҳо, дар 60 соли ахир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон як дараҷа баланд шудааст, шумораи рӯзҳо бо боришоти шадид афзудааст, пасомад ва шиддатнокии ҳодисаҳои гидрометереологии табиӣ зиёд шудааст.  Ҳамчунин, дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир шумораи офатҳои табиии шадид беҳад афзоиш ёфтааст. Офатҳои табиӣ ба монанди обхезӣ, сел, тармафароӣ ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид мекунанд.  Тайи 5-6 соли охир шиддатнокии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон тақрибан 25 фоиз зиёд шудааст.
Дар ин давра бар асари офатҳои табиии гуногун тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расида, шароити мусоиди зиндагии зиёда аз 100 ҳазор нафар таҳти хатар  монд ва маблағи умумии талафот аз 600 миллион доллари ИМА зиёд гардид. Ҳолати ногувор хусусан, дар минтақаҳои кӯҳии кишвар, ки 93 фоизи ҳудуди умумии Тоҷикистонро ташкил дода, онҷо 80 фоизи аҳолӣ зиндагӣ мекунад ба мушоҳида мерасад.
Илова бар ин, таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба миқдор ва сифати захираҳои оби ошомиданӣ бештар зоҳир мегардад.
Дар Тоҷикистон дар давоми даҳ соли ахир обшавии қобили мулоҳизаи ҳаҷми пиряхҳо, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётан муҳим доранд, ба қайд гирифта шудааст.
Тағйирёбии давраи гидрологӣ ба амнияти обӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонда, сабабгори  хатари иловагии обхезӣ ва хушксолии шадид мегардад.
Дар Осиёи Марказӣ, ки захираҳои обӣ дар ҳудуди бархе аз кишварҳо ташаккул ёфта, истифодабарии қисми зиёди он ба дигар кишварҳо рост меояд, муддатест зарурати таҳияи стратегияи ягонаи минтақавии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба миён омадааст. Коҳишёбии босуръати масоҳати пиряхҳои минтақа, ки ба тағйирёбии иқлим рабт дорад, муҳимияти чунин стратегияро таъкид менамояд.
Тоҷикистон ба қабули чораҳои мутобиқшавӣ, ки ҷузъи муҳими рушди устувор ба ҳисоб мераванд,  таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.
Дар хотима, мехостам ба тамоми ширкаткунандагони зиёфати имрӯза изҳори миннатдорӣ намуда, ба ҳамаи шумо дастовардҳои тоза орзу намоям.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2018    №: 59-60    Мутолиа карданд: 1563
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед