logo

маориф

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ. ИНТИХОБИ ИХТИСОС ИНТИХОБИ ОЯНДА АСТ!

Баланд бардоштани сифати таҳсилот дар зинаҳои гуногуни таълим, таҳкими донишу маърифати наврасону ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба илму касбу ҳунар, миллату Ватан аз омилҳои умдатарини пешгирии дохилшавии онон ба ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои ифротгарою даҳшатафкан аст.
Баҳри пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳо кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор  корҳои таблиғотию иттилоотиро ба роҳ мемонанд.
Масъулони марказ дар асоси таҳлилу баррасии натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ - 2017 ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ҷиҳати дуруст интихоб кардани касб ва ихтисос тавсияҳо доданд ва чунин вохӯриҳо идома дорад.
Таъкид мекунем, ки интихоби ихтисос 50 дарсади муваффақият аст. Зеро ихтисосе, ки дониш надореду интихоб мекунед, боиси нокомии шумо мешавад. Инчунин, самти дурусти донишандӯзӣ омили асосии наафтодани ҷавонон ба доми ашхоси қаллобу нопок, фасодкорӣ,  падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили экстремизму терроризм аст.
Падидаҳои ёдшуда имрӯзҳо ба рӯзгори ободу осуда, ба раванди зиндагии оилаҳо таҳдид мекунад. Сабаби асосии фирефтаи таблиғгарони ташкилоту гурӯҳҳои экстремис-тиву террористӣ гардидани ҷавонон, ба назари мо, пеш аз ҳама, сатҳи пасти донишу маърифат, ҷаҳонбинии маҳдуд, бекории онҳо ва амсоли ин мебошад.
Ҷой доштани чунин зуҳуроти нангин моро водор месозад, ки ба масъалаи тарбияи ҷавонон, касбомӯзӣ ва интихоби дурусти касбу ихтисосҳо аз ҷониби онҳо боз ҳам бештар диққати ҷиддӣ дода, аз ҷалби ҷавонон ба ин гуна гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ пешгирӣ намоем.
Дар асоси ҷамъбасти ИМД дар соли 2017 ба иштирокдорони вохӯриҳои мазкур хатоҳое, ки боиси ноком гаштани довталабон дар ин имтиҳонҳо гардиданд аз рӯи маълумоти оморӣ дар муқоиса бо ИМД дар солҳои 2015 - 2017 фаҳмонда шуд.
Бояд қайд намуд, ки ҳамасола теъдоди хоҳишмандон ба гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) - и 5 - ум - “Тиб, биология ва варзиш” зиёд шуда истодааст. Танҳо дар ИМД - 2017 ҳиссаи дов-талабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум аз шумораи умумии нафарони азқайдгузашта 37 дарсадро ташкил медиҳад.
Аз рӯи натиҷаи ҷадвали мазкур маълум мегардад, ки шумораи зиёди довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 4 - ум “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ” (43,99 дарсад) ва 5-ум “Тиб, биология ва варзиш” (49,09 дарсад) дар ИМД-2017 бо сабаби ба инобат нагирифтани маҳорату малака ва сатҳи саводнокии худ комёб нагаштанд.
Агар натиҷаҳои бадастовардаи довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум “Табиӣ ва техникӣ” ва 2-юм “Иқтисод ва география” - ро таҳлил намоем, пас, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки бо интихоби дурусти ихтисосҳои ин ду гурӯҳи ихтисосҳо ва савияи донишу малакаи миёна довталаб метавонад соҳиби унвони донишҷӯ гардад.
Дар асоси хулосаҳо, падару модарон ва пеш аз ҳама довталабон бояд хулоса бароранд, ки агар сатҳи саводнокии довталаб баланд набошад, ихтисосҳои худро тавре интихоб намояд, ки эҳтимолияти донишҷӯ шудани онҳо зиёдтар бошад.
Парвиз САИДОВ,
сардори шӯъбаи ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2018    №: 61    Мутолиа карданд: 3019
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед