logo

маориф

МУШКИЛ ҲАЛ МЕГАРДАД

«Сокинони Бешкаппа кай соҳиби мактаб мешаванд?», «Ҷумҳурият» аз 2 марти соли 2018
Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бобат корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор гирифтани 130 муассисаи таълимӣ далели равшани самти афзалиятнок будани соҳаи маориф дар ҷумҳурии азизамон ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 - 2021» ба тасвиб расид, ки тибқи он ба ҷойи мактабҳои дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар ҳолати садамавӣ қарордошта ва дар деҳаю маҳалҳои навбунёд сохтани мактабҳо шурӯъ шуд. Дар асоси қарор аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохтмон ва азнавсозии 94 муассисаи таълимӣ ба маблағи 205,5 миллион сомонӣ, буҷети вилоят 144 муассисаи таълимӣ ба маблағи 2276,9 миллион сомонӣ, манбаъҳои ғайрибуҷетӣ 328 муассисаи таълимӣ ба маблағи 702,1 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст. Ба таври умум, маблағгузории сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ дар вилоят 1 миллиарду 135,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки 18 дарсад аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 20 дарсад  аз буҷети маҳаллӣ ва 62 дарсад бо ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад. Дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаи мазкур дар вилояти Хатлон 566 бинои муассисаи таълимӣ дар деҳаҳои навбунёд ба ҷойи мактабҳои дар биноҳои куҳна ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгирифта сохта мешаванд, ки боварӣ ҳаст мушкили мавҷударо хеле ҳал мекунад.
Ҳоло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32 – и шаҳри Кӯлоб фарзандони аҳолии чанд деҳаи атроф таҳсил мекунанд. Соли 2015 дар деҳаи Тоқакаппа мактаби нав сохта шуд, ки як қисми хонандагонро ба таҳсил фаро гирифт. Барои фарзандони аҳолии деҳаи Бешкаппа низ муассисаи таълимӣ сохтан зарур аст, зеро роҳ на он қадар дур бошад ҳам, барои хонандагони хурдсол душворӣ меорад. Духтарон бошанд, баъди хатми синфи 9 таҳсилро дар мактаби деҳаи ҳамсоя бемалол идома дода метавонанд. Бо назардошти вазъи ҷойдошта дар асоси нақша дар деҳаи Бешкаппаи шаҳри Кӯлоб сохтмони мактаб ба рӯйхати иншооти сохташавандаи Фонди Қувайтӣ ворид карда шуд. Вобаста ба имконияти молиявӣ сохтмони он оғоз меёбад.
Э. САФАРЗОДА,
сардори маркази матбуоти Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2018    №: 61    Мутолиа карданд: 1151
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед