logo

ҳуқуқ

ХАТЛОН. НИКОҲИ ХЕШУТАБОРӢ АЗ БАЙН МЕРАВАД

Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ як тадбири муҳимест, ки тавассути он Ҳукумати мамлакат метавонад таҳлилҳои созанда анҷом дода, бисёр мушкилоти ҷомеаро огоҳмандона рафъ созад. Таваҷҷуҳ ба ин тадбир ҳам аз мутасаддиёни соҳа ва ҳам аз шаҳрвандони одӣ масъулият тақозо мекунад. Зинатгул Сафарзода, сардори раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар суҳбат бо хабарнигори  “Ҷумҳурият” андешаҳояшро дар ин бора чунин иброз намуд: 

– Яке аз вазифаҳои умдаи кормандони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ин сари вақт ба қайд гирифтани ҳолати таваллуд мебошад. Муҳимияти ин тадбир дар он аст, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ даҳҳо барномаҳои давлатӣ оид ба беҳбудии рӯзгори мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, зиёд кардани ҷойҳои корӣ амалӣ гашта истодаанд ва албатта, барои сари вақт амалӣ гардондани онҳо доир ба афзоиши табиии аҳолӣ маълумоти дақиқ зарур аст.
Тавре ки аз фаъолияти кори шуъба ва бахшҳо бармеояд, соли гузашта дар вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 91 ҳазору 985 ҳолати  таваллуд аз қайди давлатӣ гузаронда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2016-ум 1 ҳазору 158 ҳолат кам аст. Сари вақт ва дар муҳлати муқарраргардида ба қайд гирифтани таваллуд  заҳмати кормандони соҳаи тиб ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро тақозо мекунад. Вале, мутаассифона, дар аксари ҳолатҳо аз тарафи мутасаддиёни соҳаи тандурустӣ рӯйхати навзодон сари вақт ба шуъба ва бахшҳои асноди ҳолати  шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳо пешниҳод намешавад.
Масъалаи дигаре, ки ба таври  ҷиддӣ риоя кардани талаботи қонунро дар бораи ақди никоҳ тақозо мекунад, ин аз қайди давлатӣ гузарондани ақди никоҳи шаҳрвандони ҷумҳурии мо ва шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. Аз ҷумла, шаҳрвандони хориҷие, ки дар лаҳзаи аз қайди никоҳ гузаштан камтар аз як сол дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат кардаанд, ҳуқуқи бо шаҳрвандони Тоҷикистон оила барпо кардан надоранд. Соли 2017 дар  шуъба ва бахшҳои  САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 7 никоҳи хориҷӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуд. Инчунин, дар асоси ҳалномаи суд оид ба кам кардани синни никоҳӣ 217 сабти бақайдгирии давлатии ақди никоҳ гузаронда шуд. Тамоюли аз нигоҳи тиб нораво, ки солҳои пеш ҷой дошт, яъне никоҳи байни хешовандон, дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон, хушбахтона, рӯй надодааст ва ба қайди давлатӣ гирифта нашудааст.
Бинобар сабабҳои субъективию объективӣ соли гузашта бекоркунии ақди никоҳ нисбат ба соли  2016-ум 134 адад бештар сурат гирифт. Яъне, дар вилоят маҷмӯан 1 ҳазору 822 ақди никоҳ бекор шуд. Аз ин рақам 1 ҳазору 357 сабт дар асоси ҳалномаи суд, 462 сабт ба тариқи аризаи якҷояи зану шавҳар ва 3 сабт дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон бекор карда шудааст. Тибқи таҳлилҳои мо, сабаби асосии фурӯпошии оилаҳо асосан аз муносибати беэътидоли занушавҳарӣ иборат аст. Боиси нигаронист, ки дар натиҷаи бекор кардани ақди никоҳ тибқи ҳисобҳои мо, 1 ҳазору 444 кӯдак аз падар ё модар зиндаҷудо гардиданд. Дақиқтараш, аз ин шумора 1 ҳазору 392 нафарашон дар тарбияи модар ва 52 нафари дигар дар тарбияи падар монданд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки чунин раванди номақбул дар як қатор навоҳии вилоят ҳукмфармост. 
Ҳамзамон, барои пешгирӣ ва кам намудани шумораи бекор кардани ақди никоҳ мудирони шуъба ва бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор карда шуданд, ки ҷамъомаду вохӯриҳоро бо иштироки кормандони соҳа ва пирони рӯзгордидаи дар ҷамъият дорои мақоми хосса бештар ба роҳ монда, ҳаёти намунавии оилаҳои солимро тариқи баргузории ҷамъомаду озмунҳо ва семинару конференсияҳо миёни ҷавонон ташвиқу тарғиб кунанд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2018    №: 65    Мутолиа карданд: 1112
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед