logo

маориф

ДИНШИНОСӢ. ТО КУҶО МУВАФФАҚ ШУДЕМ?

Диншиносӣ яке аз соҳаҳои бисёр муҳими илмҳои ҷомеашиносиву гуманитарӣ ва фалсафӣ ба шумор рафта, дар низоми маорифи аксари давлатҳои дунё роиҷ аст. Зеро дин ҳамчун падидаи ҷамъиятию таърихӣ ва унсури фарҳанг дар шаклгирии соҳаҳои ҳаёти маънавӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва ҷаҳонбинии инсонҳо нақши муайян дошта, омӯзиши як қатор фанҳо, аз ҷумла адабиёт, таърих, забоншиносӣ, мардумшиносӣ, ҷомеашиносӣ, фарҳангшиносӣ, инсоншиносӣ ва дигар илмҳоро осон хоҳад кард. Вале дар дигар мавридҳо ноогоҳӣ аз моҳият ва хусусияти символикии забони дин ифодаҳои диниро, ки дар тафаккури оммавии шаҳрвандон ҷойгоҳи муайян доранд, мутлақ гардонда, фазои илму дониши воқеиро маҳдуд менамояд.
Бахусус, тайи солҳои охир дар ҳаёти иҷтимоӣ фаъолшавии омили динӣ ва ба таври сунъӣ сиёсисозии он ва дар ин росто аз эътиқоди динии шаҳрвандон барои манфиатҳои гурӯҳиву шахсии худ суиистифода намудани равияву гурӯҳҳои мухталиф ҷомеаро нигарон кардааст. Аз ин рӯ, зарурати омӯзиши воқеии илмии дин чун падидаи ҷамъиятию таърихӣ ба вуҷуд омад. Ҷорӣ намудани фанни диншиносӣ дар ҷумҳурии мо низ зарурати воқеии ҷомеаи имрӯза буда, дар низоми таълими маорифи муосири кишвар вазифа ва ҳадафҳои муайян дорад.
Мутаассифона, надоштани таҷрибаи пешинаи таълими ин фан, норавшании соҳаҳои он, набудани мутахассисони соҳавӣ ва проблемаҳои методологӣ  иҷрои ин вазифаҳоро мушкил гардонда, онро аз доираи ҳадафу вазифаҳояш метавонад берун барад. Дар сурати набудани низому методологияи муайян омӯзиши он баръакс ба костагии ҷаҳонбинии илмӣ ва мазҳабишавии фазои илмию таълимӣ оварда мерасонад. Ҳадди ақал таҷрибаи ду соли таълими берабту бенизоми ин фан ба ин андешаҳо далолат мекунад.
Аввалан, дар барномаи таълимӣ ворид намудани фанни диншиносӣ ҳатман бояд сатҳи омодагии дониши фалсафии донишҷӯёни макотиби олиро ба назар гирад. Зеро диншиносӣ дар макотиби олӣ чун ҷузъе аз донишҳои фалсафӣ ва бо методологияи фалсафӣ омӯзонда мешавад. Мутаассифона, ин фан дар аксари донишгоҳҳои  мо имрӯз дар курсҳои аввал ва ё курси дуюм, ки дарси  фалсафа ва дигар донишҳои фалсафиро нахондаанд, ба мафҳуму категорияҳои онҳо ошно нестанд, заминаи баррасии илмии онро надоранд ва хусусияту фарқи забони фалсафиву диниро ҳанӯз намедонанд, ҷорӣ шудааст.
Донишҷӯи соли аввал дар ҳеҷ сурат наметавонад ба фаҳмиши фалсафаи дин сарфаҳм биравад. Диншиносӣ ҳадди ақал бояд дар курсҳои сеюм ва ё чорум,  баъди супурдани имтиҳони давлатӣ аз фанни фалсафа таълим дода шавад. Дар бархе аз донишгоҳҳо бошад, ин фанро шомили кафедраҳои таърих ва ё филология намудаанд, ки қобили қабул нест.
Мушкилоти дигари таълими он набудани мутахассисони касбӣ мебошад, ки устодони тахассуси дигар, аз ҷумла таъриху забон, онро меомӯзонанд ва дар аксари донишгоҳҳо ассистентҳо ба таълими он ҷалб мешаванд. Чунин мутахассисон на ин ки имтиҳони илми диншиносӣ насупурдаанд, балки курсҳои омодашавии ин фанро низ нагузаштаанд. Илова ба ин, набудани адабиёту китобҳои дарсӣ, ҳамчунин,  барномаҳои таълимии ягона мушкилоти онҳоро дучанд мекунад. Мушоҳида мешавад, ки  дарсҳои лексионӣ ва амалӣ аз рӯи барнома ва мавзӯъҳои мухталиф ҷараён  мегиранд, байни онҳо ҳамоҳангии мавзӯиву мантиқӣ нест. Дар ин сурат донишҷӯ ба моҳияти мавзӯъ сарфаҳм намеравад  ва фанни диншиносиро аз соҳаи донишҳои динӣ фарқ карда наметавонад.
Дар раванди роҳандозии таълими ин фан сараввал омӯзгор ва толибилм диншиносиро аз донишҳои бо ном «илмҳои динӣ» фарқ бояд кунад. Зеро ба гурӯҳи «илмҳои динӣ» баъзе донишҳои соф дохилидинӣ, аз қабили   илоҳиётшиносӣ, фиқҳ, таълими ақида ва чанде дигар маърифатҳое дохиланд, ки матлаби онҳо аз таблиғ ва асосноккунии  асли эътиқоди ягон дини муайян, яъне ақида иборат мебошад. Онҳо ҳадафи ташаккулдиҳии ҷаҳонбинии диниву эътиқодиро доранд. Таълими ин гуна соҳаҳо метавонад фақат дар муассисаҳои хусусияти динидошта роҳандозӣ шавад.
Аммо диншиносӣ ин таълими ақида ё тарғиби он нест. Он ҷаҳонбинии илмӣ аст, динро ҳамчун соҳа ва предмети омӯзиш мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Онро аз мавқеи илм чун хориқаи ҷамъиятиву таърихӣ дар робита бо заминаҳои пайдоишу инкишоф ва таҳаввулаш, чун талаботи маънавии инсон объекти омӯзиш мегузорад. Дар ин самт он аз таълимоти атеизм низ фарқ  мекунад, зеро атеизм чун идеологияи муқобил динро аз мавқеи инкорӣ бо ҳадафи  берунсозӣ аз ҷомеа ва аз мафкураи инсонҳо арзёбӣ  мекунад. Диншиносӣ динҳои мухталифро дар баробарӣ бар пояи усули муқоисавӣ, чун унсури маданияти халқиятҳои гуногун, дар асоси принсипи озодии виҷдон бо ҳадафи эҷоди таҳаммулпазирии динӣ, гуманизатсияи ҷамъият ва ҳамзистии мафкураву ғояҳои мухталиф чун кори хусусии ҳар як фард меомӯзад. Ҳадафи он баръакси атеизм на инкориву илҳодӣ, балки омӯзиши ҳаматарафаи паҳлуҳои дин, бо роҳи созандагӣ равона намудани он ва пешгирӣ аз ҷиҳатҳои манфиву харобиовар мебошад.
Бо назардошти ин гуфтаҳо, бояд дар хотир дошт, ки  таълими фанни диншиносӣ, ки аз рӯи манфиатҳои миллию давлатӣ ва зарурати ҷомеаи имрӯзаамон дар макотиби миёнаву олии кишвар ҷорӣ шудааст ва таълими он бояд ба таври лозима роҳандозӣ шуда, нуқсону камбудиҳояш бартараф ва омӯзишаш судманду боҳадаф бошад.  
                                                
Ғаффор МИРЗОЕВ,
мудири шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти  фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2018    №: 65    Мутолиа карданд: 1363
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед