logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲО

1 апрел миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба ифтихори 25 - солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри Араб сидқан табрику таҳният мегӯям.
Боиси қаноатмандист, ки тайи ин солҳо муносиботи дӯстиву ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо зина ба зина рушд ёфта, ҷанбаҳои нави созандаро пайдо кардаанд.
Ҷониби Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳояшро бо кишвари дӯсти Миср баланд арзёбӣ намуда, хоҳони тавсеаи минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.
Итминон дорам, ки бо саъю талошҳои пайгиронаи ҳар ду ҷониб тамоми имкониятҳои дар ин самт мавҷуда мутобиқ бо манфиатҳои аслии мардумонамон дар оянда низ мавриди истифодаи самаранок қарор хоҳанд гирифт.
Бо истифода аз фурсати нек ба Шумо, ҷаноби Президент, тансиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Миср сулҳу суботи пойдор ва рифоҳу шукуфоӣ орзу менамоям».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Бо арзи дуруду салом, дар чаҳорчӯби муносибатҳои бародарӣ ва дӯстӣ, ки кишварҳо ва мардумони моро ба ҳам мепайванданд, бо камоли масаррат ба Ҷаноби Олӣ табрикоти самимии худро ба муносибати 25 - умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни ду кишвари дӯсти мо ирсол менамоям. Мо ба ин муносибатҳо арҷ мегузорем ва онҳоро гиромӣ медорем.
Мехоҳам ба Шумо, ҷаноби Президенти арҷманд, итминон диҳам, ки мо хоҳони густаришу таҳкими муносибатҳои вижаи дӯстӣ ва ҳамкории самарбахш байни ду кишвар ва мардумони дӯстамон ҳастем. Гузашта аз ин, мо ният дорем, ки ҳамоҳангсозиҳо ва робитаҳоро дар соҳаҳои гуногуни муносибатҳои дуҷонибаамон идома дода, таҳким бахшем, то онҳо ба сатҳи муносибатҳои фарогири ҳамкорӣ байни ду кишвар боло бардошта шаванд.
Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавому хушбахтӣ, ба кишвари дӯсти Шумо баракоту пешрафт ва ба мардуми меҳнатқарини он осоишу шукуфоӣ орзу менамоям. Ба манзури ноил шудан ба пешрафти бештар дар чаҳорчӯби муносибатҳои ҳамкории созандае, ки моро ба ҳам мепайванданд, умедвори  фаъолияти зич бо кишвари дӯсти Шумо ҳастам.
Лутфан, Ҷаноби Президент, эҳтиромоти фоиқа ва таманниёти комёбиву пирӯзии моро ба унвонатон бипазиред».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2018    №: 65    Мутолиа карданд: 4842
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед