logo

ҳуқуқ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ОҒОЗ ШУД

Бахшида ба оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба  сафи  Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  майдони  800 – солагии Москваи шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони масъули Вазорати мудофиа, ноҳияҳои пойтахт, волидону наздикони даъватшудагон ва  фаъолон маросими гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ доир гардид.
Тавре аз раёсати иттилоот ва муносибатҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр Мавсума Муинӣ ва  сардори раёсат оид ба корҳои сиёсӣ - тарбиявии  Вазорати мудофиа Меҳваршо Донаёрзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки хизмат  дар сафи Артиши миллӣ нишони мардонагиву ҷасорат буда,  аз ҳар як шаҳрванд зиракиву ҳушёриро талаб мекунад. Ҳифзи марзу бум ва мардуми кишвар вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи шаҳрвандон  ба  ҳисоб меравад.
Зикр шуд, ки дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо  саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии мамлакат пуриқтидор гардида, барои хизмат ба ҷавонон дар сафи Артиши миллӣ тамоми шароити мусоиди ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир фароҳам оварда шудааст.
Дар ин робита ҷавононро мебояд  ба қадри неъматҳое, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба он ноил гардидааст, хусусан сулҳу субот, осудагию оромӣ ва пешрафту гулгулшукуфоии Ватани азизамон бирасанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.04.2018    №: 66    Мутолиа карданд: 1115
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед