logo

номаҳо

ВАРЗОБ. ЧАНД МУШКИЛИ ЯК МАКТАБ

Сатҳи донишомӯзии хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 43 - и ноҳияи Варзоб бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои ҷойдошта бисёр хуб аст. Шумораи таълимгирандагони мактаб кам бошад ҳам, дар рафти озмунҳо нисбат ба дигар муассисаҳо фаъоланд ва соҳиби медалу ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Аз ҷумла, соли 2017 хонандагони муассиса аз олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ  8 медали тилло ва 1 нуқра ба даст оварданд. Ҳамчунин, аз ҳабдаҳ хатмкунанда 13 нафар унвони донишҷӯиро соҳиб гашт. 
Бо вуҷуди фаъолияти пурсамари муассиса муддатҳост, ки хонандагон бо мушкилиҳои зиёд бар мехӯранд.
Ба гуфтаи устоди собиқадор Ҷалолиддин Холов, муассиса соли 1985 сохта шуда, дорои 8 синфхона мебошад.  Ҳоло дар он 173 хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, онҳо дар ду баст таҳсил мекунанд. Талабот ба таҳсили босифат ва салоҳиятнок солҳои охир зиёд шуда бошад ҳам, то имрӯз мактаб бинои замонавӣ надорад. Ҳатто аз ноилоҷӣ синфхонаеро аз байн девор бардошта ду қисм кардаанд, ки барои гузарондани дарсҳо мувофиқ нест. 
Тоҷиддин Табаров, иҷрокунандаи  вазифаи муовини директор, гуфт, ки мактаб аз соли таъсис то кунун толори варзиш надорад. Дар синфхонаҳои фаннӣ низ ашёи аёнӣ кайҳо боз иваз нашудаанд. Бар замми ин, муассиса дар минтақаи садамавӣ қарор дорад.
Мактаб дар байни дара сохта шуда, дар он эрозияи хок ва лағжиш пайдо шудааст. Ба гуфтаи Ҷалолиддин Холов, муассиса аз рӯи нақша сохта нашудааст. Масофаи чанд деҳаро ба назар гирифта, мактабро дар ин дара сохтаанд. Ҳар сол сел омада, хисорот мерасонад. Роҳҳо низ таъмирталаб шудаанд.
Намояндагони масъул вазъи мавҷударо донанд ҳам пайваста посух медиҳанд, ки: «Баъзеҳо дар вагонҳо мехонанд. Шароити шумо беҳтар аст».
Ба раиси ноҳия чанд маротиба дархост навиштем, лек барои бунёди мактаби нав замин ҷудо нашуд. Соҳибкорони маҳаллӣ ҳозиранд дар сохтмон ёрӣ расонанд, вале масъалаи замин ҳалношуда боқӣ мондааст, - изҳор дошт  Ҷалолиддин Холов.
Лола РИЗОЕВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.04.2018    №: 66    Мутолиа карданд: 1547
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед