logo

порлумон

ИНШООТИ ГИДРОТЕХНИКӢ. БЕХАТАРӢ ТАЪМИН МЕГАРДАД

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ба тасвиб расид.
Султон Раҳимзода,  муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳа, иброз намуд, ки он бо мақсади сабукӣ овардан ба молик ё истифодабарандагони иншооти гидротехникӣ дар самти омода намудани эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ»  моҳи декабри соли 2010 қабул гардида, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ моҳи августи соли 2014 таъсис дода шудааст.
Ба гуфтаи муовини  вазир, соҳаи мазкур барои Тоҷикистон соҳаи нав ба шумор меравад. Бо назардошти ин дар асоси таҷрибаи андутаи хадамоти мазкур ва таҷрибаи дигар кишварҳо лозим меояд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин соҳа давра ба давра такмил дода шаванд. Тибқи  қонуни амалкунанда молик ё истифодабарандаи иншооти гидротехникӣ бояд эъломияи бехатарии иншоотӣ гидротехникиро таҳия намуда, ба мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ пешниҳод намояд. Ворид кардани тағйироти мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ба моликон ва истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ  имконият медиҳад, ки барои анҷоми ин кор ташкилоту пажӯҳишгоҳҳои дорои иқтидорҳои зарурии техникию зеҳниро ҷалб намоянд. Ҷиҳати кам кардани хатари ҷалби ташкилотҳое, ки иқтидори лозимии техникию зеҳниро барои анҷоми ин кор  надоранд, пешниҳод мегардад, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ талаботи махсус барои чунин ташкилотҳо муқаррар карда шавад. Доштани ҳуқуқ аз ҷониби ташкилот дар самти фаъолият дар соҳаи иншоотҳои гидротехникӣ ба монанди ташкилотҳои лоиҳакашӣ, пажӯҳишгоҳҳои дахлдор, ба назар гирифтани собиқаи кори мутахассисони дахлдор, мавҷуд будани базаи моддию техникии ташкилот ва лабораторияҳои дахлдор аз ҷумлаи муқаррароти ин талабот хоҳанд буд.  Тағйирот ба қонуни мазкур масъалаи таъмини бехатарӣ дар лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифодабарӣ қарор додан, таҷдид, барқарорсозӣ маҳфуз нигоҳ доштан ва барҳам додани иншоотҳои гидротехникиро ба танзим медарорад.
Мунаввари САФАР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2018    №: 68    Мутолиа карданд: 5362
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед