logo

туризм

НАҚЛИЁТ. ИНФРАСОХТОР РУШД МЕЁБАД

Ҳукумати кишвар ба рушди нақлиёт чун қисми таркибии инфрасохтори сайёҳӣ диққати махсус зоҳир намуда, дар ин самт чораҳои муассир меандешад. Ин аст, ки солҳои охир дар шаҳри Душанбе, пойтахти мамлакати азизамон - Тоҷикистон хизматрасонии нақлиёти умум рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Ба сокинон ва меҳмонон 4 корхонаи воҳиди давлатӣ ва 20 ҷамъияти шаклҳои гуногун хизмат мерасонанд. Таваққуфгоҳҳои замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳисоббаробаркунӣ дар автобусу троллейбусҳо тавассути кортҳои пластикӣ роҳандозӣ шуд.

Алҳол меҳмонон ва сокинон аз хизматрасонии муосири таксӣ бархӯрдоранд. «Рахш таксӣ», «Олуча таксӣ», «Asian Express» аз фаъолтарини онҳо буда, дар бозори нақлиёти кишвар рақобати  солимро ба вуҷуд овардаанд.
Коршиносон иброз медоранд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ аз пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун вобастагӣ дорад. Ва нақлиёт яке аз шаклҳои асосии он ба шумор меравад. Яъне, маҳз нақлиёт сайёҳиро аз хона ба минтақаи дар назар буда мерасонад. Нақлиёт асосан автомобилӣ, роҳи оҳан, баҳрию дарёӣ ва ҳавоӣ буда, ҳар яки он хусусиятҳои ба худ хосро дорад. Дар кишвари мо қариб ҳама навъҳои нақлиёт, ба истиснои баҳрӣ, баробар пеш мераванд.
- «Рахш таксӣ» нисбат ба дигар ширкатҳо дар бозори нақлиётии Тоҷикистон то кунун фаъолияти яксола дошта бошад ҳам, дар ин муддат тавонист тамоми Тоҷикистонро сайр намояд,- гуфт Фирдавс Гулмадов, директори ҶДММ «Сайёҳон» («Рахш таксӣ»), дар ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қадамҳои устувор дар хизматрасониҳои сайёҳӣ».
- Мо бо тамоми роҳҳо ва мушкилиҳо шинос ҳастем, - мегӯяд Ф. Гулмадов. - Ва дилхоҳ мушкилиҳои логистикии ҷумҳуриро ҳал намуда метавонем. Ба ҳар муштарӣ ба таври инфиродӣ муносибат карда, омодаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ ҳастем.
Масъулони соҳа иброз медоранд, ки аҳамияти умдаи ширкати мазкур дар он аст, ки сайёҳон аз истифодаи сифатноки хизматрасониҳои нақлиётӣ бархӯрдор мегарданд. Инчунин, имконият ва захираҳои сайёҳии мамлакат тавассути аксҳои мавзеъҳои ҷолиб, ки дар қисми берунии автомобилҳо ҷой дода шудаанд, таблиғ карда мешаванд.
Ширкати «Asian Express» барои қонеъ гардондани талаботи сайёҳони хориҷӣ бо ширкати «Сари арка автопром» - и Ҷумҳурии Қазоқистон шартномаи ҳамкорӣ баст. Тибқи нақша бояд 2000 автомобили сабукрав ба терминали шаҳри Душанбе ворид шавад. Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳр аз ҷониби ширкат барои сайёҳон махсус нуқтаи хизматрасонӣ ташкил шудааст. 
Султон Камолов, муовини директори генералии «Осиё гурӯҳ Тоҷикистон», мегӯяд, ки терминали мусофиркашонии шаҳри Душанбе барои 24 хатсайри минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон автобусҳои замонавӣ ворид намудааст. Инчунин, 150 мошини сабукрави тамғаи «Тайёта кемри» дар хизмати сокинони пойтахт вогузоранд. Барои гурӯҳҳои 8 – 10 нафараи сайёҳон 4 микроавтобус пешниҳод шудааст.
Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тавассути ширкатҳои ватании «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр»  алҳол ба 34 самти 8 кишвар, аз қабили Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон ва Олмон парвозҳо иҷро мешаванд.
Соли 2017 аз ҷониби «Сомон Эйр» ба самтҳои Душанбе – Сочӣ, Душанбе – Кобул, Душанбе – Новосибирск ва Кӯлоб – Москва  парвозҳо сурат гирифта, дар самти Душанбе – Тошканд  ва Душанбе – Сеул  парвози техникӣ анҷом ёфтанд. «Тоҷик Эйр» ба самти Душанбе – Пекин – Душанбе  парвози техникӣ иҷро намуд.
Тибқи банди 41 – и Нақша – чорабиниҳои ҳукуматӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Президенти мамлакат тасдиқ шудааст, ташкили хатсайри сайёҳӣ тавассути роҳи оҳани Душанбе – Кӯлоб – Душанбе  ва Душанбе – Хуҷанд – Душанбе дар назар аст. Дар ин самт аз ҷониби масъулон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. 
Созишномаҳои байниҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи алоқаи автомобилии байналмилалӣ, алоқаи ҳавоӣ, оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон ва ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки чанде қабл ҳамгоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба имзо расиданд, барои рушди соҳаҳои ба ҳам алоқамандӣ нақлиёт ва сайёҳӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварданд. Аз ҷумла, дар заминаи Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ва Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ гурӯҳи аввалини сайёҳони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Ғайр аз ин, ширкати «Рахш таксӣ» ва намояндагони ширкати «Скай тур» - и Тоҷикистон аз аввалинҳо буданд, ки ба ин васила ба кишвари ҳамсоя сафар карданд.
Ба андешаи коршиносон, соҳаи нақлиёт дар рушди саноати сайёҳӣ таъсири назаррас дорад. Онҳо иброз медоранд, ки сайёҳӣ пурра аз нақлиёт, бехатарии он, суръат ва роҳати ба сайёҳ дар давраи саёҳати вай пешниҳодшаванда вобаста мебошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳамаи ин омилҳо имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёти кишвар дида мешаванд. Пас бо итминон метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба сатҳи сифатан нав ворид мешавад.
Шаҳноз ҚУРБОН,
Қурбон АҲМАДЗОД,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2018    №: 68    Мутолиа карданд: 1250
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед