logo

маориф

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОД ТАҒЙИРОТ БА ХОТИРИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Пешрафти иқтисоди миллӣ дар раванди гузариш ба марҳилаи нави рушд аз мутахассисони баландпоя вобастагии калон дорад. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар ин раванд саҳми чашмрас дорад.

Шукрулло Хайрзода, ректори донишгоҳ, иброз дошт, ки донишгоҳ  ҳамчун зодаи даврони истиқлолият дар низоми миллии омода сохтани кадрҳои соҳаи иқтисод ва молия мавқеи мустаҳкам пайдо кардааст. Таваҷҷуҳи асосӣ ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва инноватсия равона гардидааст. Баъд аз таҷдиди назар кардани мавзӯъҳои илмӣ - тадқиқотӣ дар ин самт чанд тағйирот, ки бевосита ба ҳадафҳои стратегии кишвар, таҳқиқи масъалаҳои муҳими марбут ба иқтисодиёти миллӣ ва ба сиёсати имрӯза мутобиқ дахл доранд, дароварда мешавад, аз ҷумла дар бахши такмили асосҳои институтсионалӣ ва механизми идоракунии молия ва иқтисод дар шароити ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонишавӣ, инчунин, ҳалли проблемаҳои муҳосибӣ, омор ва таҳлили нишондиҳандаҳои рушди устувори иқтисодиёт. Моделсозии математикӣ ва технологияи иттилоотӣ дар таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ яке аз масоили муҳими ба рушди иқтисодиёт мусоидаткунанда асоси омӯзиши донишҷӯён хоҳад буд. Масъалаҳои такмилдиҳӣ ва омӯзиши таҷрибаи истифодаи забонҳои хориҷӣ дар иқтисодиёт бошад, дар пешрафти соҳа тавассути густариши ҳамкорӣ байни кишварҳои хориҷа таконбахш аст. Барои ин, дар донишгоҳ дар доираи барномаи Конфутсий маркази омӯзиши забони чинӣ кушода шуд ва таълимаш ройгон аст. Иқдоми мазкур барои рушди истеҳсолот дар кишвар мусоидат мекунад.
Тавре Нурализода Амрулло Назрулло, муовини ректор оид ба таълим дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод, иттилоъ дод, чунин тағйирот баъди тасдиқи пешниҳодҳо аз ҷониби Шӯрои олимони донишгоҳ роҳандозӣ мешавад. Дар пешниҳодҳо масъалаҳои дигар низ ҳастанд, ки амалӣ гардидани онҳо барои такмили дониши  беш аз ҳафт ҳазор донишҷӯ, ҳалли муаммоҳои консептуалии ҷомеаи Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозорӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ дар роҳи гузариш ба “иқтисоди сабз” мусоидат менамоянд.
Қобили зикр аст, ки чанд рӯз пеш бо пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассиса тағйири ном кард, яъне аз Донишкадаи молия ва иқтисод ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон. Икдоми пешгирифта далели дастгирӣ ва ташаббусҳои давлату Ҳукумат ба хотири омода кардани мутахассисони баландпоя ва ба ин васила пешрафт сохтани иқтисоди миллӣ мебошад, ки армуғонест барои Рӯзи иқтисодчиён.   
О. ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2018    №: 70    Мутолиа карданд: 2113
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед