logo

маориф

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БОЯД БЕҲТАР БОШАД

Донишгоҳи давлатии Данғара зодаи истиқлоли кишвар маҳсуб мешавад. Дар ин давра зарурати  тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи давр ба миён омад. Он дари худро ба рӯи тамоми довталабон аз манотиқи гуногуни кишвар кушод. Албатта, дар ин сурат бояд заминаҳои таълиму тарбия ва шароити зист барои муҳассилин ва устодон ба вуҷуд оварда мешуд. Алҳол дигар дар ин хусус мушкилот вуҷуд надорад.

Сарвари ин муассисаи таълимӣ Шоҳиён Нуралӣ саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки то бо истифода аз усулҳои муосир ва меъёрҳои байналмилалӣ сатҳу сифати таълимро баланд бардорад. Дар иҷрои ин кор муваффақ мебошад, чунки таҷрибаи зиёди корӣ ва роҳбарӣ дорад.
Ҷалб ва тайёр кардани мутахассисони варзидаи соҳа аз масъалаҳоест, ки дар маркази диққаташ қарор дорад. Дастовардҳои зиёду чашмрас моро бовар мебахшад, ки дар солҳои наздик донишгоҳ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мақоми шоистаро сазовор мегардад.
Ҳайати олимон ва мутахассисон вазифадор гардидаанд, ки дар таълифи китобҳои муҳими дарсӣ, дастурҳои методӣ бештар аз пештар фаъол бошанд.
Синфхонаҳои лингофонӣ ва компютерӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, донишҳои муосири соҳавӣ мусоидат мекунанд. Донишҷӯён ба компютерҳо ва шабакаи интернет, китобҳои таълимӣ дастрасӣ доранд.
Нисбат ба солҳои пешин ҷавонон бештар ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул мешаванд, балки ҷалбу вазифадор гардиданд.
Дар муассиса маҳфилҳои гуногуни илмӣ амал мекунанд.
Донишгоҳ бо дигар муассисаҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ шартонамаи ҳамкорӣ дорад.
Тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд, ки ояндаи наздик донишҷӯён дар озмунҳову чорабиниҳои муҳими илмӣ ширкат варзанд. Мурод аз ин ҳамкориҳо ва саъю кӯшишҳо ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯёни хориҷӣ ва идомаи таҳсили муҳассилони таълимгоҳ дар хориҷи кишвар аст.
«Лингвистика ва шабакаҳои телекоммуникатсионӣ» дар миёни шаш факултаи донишгоҳ факултаи навтаъсис маҳсуб мешавад. Таъсису фаъолияти чунин як факулта бори дигар собит месозад, ки масъулону мутахассион ва омӯзгорони таълимгоҳ на танҳо ҳамқадами замонанд.
Ҳамин тавр, ояндаи Донишгоҳи давлатии Данғара дурахшон мебошад. Мо бо он ва сарвараш ба чунин дастовардҳо ифтихор мекунем.
Маҳбуба Шаробова, ноҳияи Данғара 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2018    №: 71    Мутолиа карданд: 1117
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед