logo

ҳуқуқ

ЛЕВАКАНТ ҶИНОЯТКОРИИ НОБОЛИҒОН КОҲИШ ЁФТААСТ

Дар се моҳи аввали соли 2018 дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон аз тарафи ноболиғон 7 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 ҳолат кам мебошад. Дар ин давра содиршавии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон  ошкор нашудааст. 
 
Тавре Аъзам Ҳусайнов, котиби комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, иттиллоъ дод, нисбат ба волидайни ноболиғоне, ки даст ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ задаанд, пратоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Дар пайи он, бо қарори суд волидони бемасъулият муваззаф шуданд, ҳар кадом ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима супоранд. Дар ин давра кормандони ниҳодҳои марбута дар ҳамдастӣ бо намояндагони  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии оворагардӣ, рафторҳои зиддиахлоқӣ ва ҷинояткорӣ дар марказҳои дилхушӣ 8 маротиба рейди муштарак гузаронда шудааст. Гузашта аз ин, ба манзури тарбияи маънавии ноболиғон дар қасри фарҳанг ва толорҳои муассисаҳои таълимӣ бо фарогирии зиёда аз 6300 нафар хонанда аз моҳи ноябри соли хониши 2017-2018 - ум 5 маротиба  намоиши театрӣ ба саҳна гузошта шудааст.
Аз тарафи масъулони комиссия ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангию ҳуқуқӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон чорабиниву вохӯриҳои судманд  пайваста ба роҳ монда мешаванд. Аз ҷумла, бо иштироки кормандони шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони меҳнат дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр 10 маротиба суҳбату вохӯриҳо баргузор гардид.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, коромӯз


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2018    №: 71    Мутолиа карданд: 996
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед