logo

ҳуқуқ

ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН ВОЛИДОНИ БЕМАСЪУЛИЯТ БА ҶАВОБГАРИИ МАЪМУРӢ КАШИДА ШУДАНД

Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати татбиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 6 июни соли 2017 «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет - кафеҳо дар вақти шабона» ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мунтазам чораҷӯӣ менамоянд.

Маъмурони милитсияи пойтахт ба ин манзур чорабиниву рейдҳои шабона баргузор намуда, мавридҳои зиёди ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғонро ошкор ва сабт намуданд. Бино ба иттилои сомонаи РВКД дар шаҳри Душанбе, зимни гузарондани рейдҳои мақсаднок дар марказҳои дилхушӣ ва интернет - кафеҳо 34 - нафар аз ҷумла, 12 ноболиғ ва 22 - нафар ҷавонро ба шуъбаҳои милитсия бурданд. Аз шумораи дастгиршудагон 19 нафар ба оворагардӣ, 9 нафар машғули бозиҳои компютерӣ, 2 нафар ба талбандагӣ ва 4 нафар ба шустани нақлиёт дар ҷойҳои мамнӯъшуда машғул буданд.
Санҷишҳо дар ин самт нишон доданд, ки омили аслии чунин ҳуқуқвайронкуниҳо бемасъулиятии падару модарон ва аз назорати онҳо дур мондани фарзандон мебошад. Аз ин рӯ, нисбат ба 9 нафар падару модаре, ки ба таълиму тарбия ва назорати фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир намудаанд, тибқи қонунгузорӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Ин дар ҳолест, ки тибқи талаботи моддаи 8 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  падару модарон вазифадоранд, ки дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то бистсолаашонро манъ намоянд.
Сафаргул АЛИМОВА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2018    №: 74    Мутолиа карданд: 1006
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед