logo

маориф

ОЛИМПИАДА. ДУШАНБЕ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ

Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои таълимӣ чанде пеш дар «Мактаби байналмилалии президентӣ» - и шаҳри Душанбе доир гардид. Дар он 700 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок карданд.

Бино ба иттилои Э. Сафарзода, котиби маркази матбуотии Вазорати маориф ва илм, олимпиада ба таври тестӣ ва фаннӣ гузаронда шуд. Дар ҷамъбаст 87 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 93 нафар муҳассилини муассисаҳои таълимии типи нав соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Хонандагони пешқадами таълимгоҳҳои шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 60 ҷойи ифтихорӣ (17 медали тилло, 16 нуқра, 27 биринҷӣ), вилояти Суғд бо 55 ҷойи ифтихорӣ (9 медали тилло, 20 нуқра, 26 биринҷӣ), вилояти Хатлон бо 46 ҷойи ифтихорӣ (7 медали тилло, 22 нуқра, 17 биринҷӣ) соҳиби се ҷойи аввал гашта, намояндагони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 19 ҷойи ифтихорӣ (2 медали тилло, 4 нуқра, 13 биринҷӣ) соҳиб шуданд. Ҳамчунин, 64 нафар хонандаи фаъол бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм қадр гардиданд.
Ба ғолибон тибқи низомномаи вижаи вазорат имтиёзҳо муқаррар шудааст.  Аз ҷумла, имсол ҳашт нафар хонандагоне, ки соҳиби 90 - 100 хол гаштанд, тибқи талаботи банди 7.7 Низомномаи олимпиадаи фаннии хонандагон дар сурати мувофиқат намудани фан ба ихтисос бо тавсияномаи Вазорати маориф ва илм тариқи суҳбат ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қабул карда мешаванд. Ба имтиҳони дар ММТ супурдаи хонандагоне, ки сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 гаштанд, 100, 75, 50 - холӣ илова карда мешавад.
Дар байни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ноҳияи Сино (бо 29 медал), Фирдавсӣ (18 медал), Бобоҷон Ғафуров (17 медал), Данғара (15 медал), шаҳри Хуҷанд (11 медал) ва дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ МДТ «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон» (13 ҷой), МТХ литсей - интернати тоҷикию русии «Ҳотам ПВ» (5 ҷой), МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе (4 ҷой) соҳиби ҷойҳои аввал гаштанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2018    №: 75    Мутолиа карданд: 1250
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед