номаҳо
Гап дар бораи 170
сомонии ман намеравад...
Бегоҳӣ дар шаҳри Ваҳдат мани пиёдагардро мошини «Жигули»-е зад. Кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ маро ба беморхонаи шаҳр оварданд. Либосҳои пур аз хунамро аз тан бадар карданд. Пас аз чанд рӯзи табобат ман ба худ омадам. Ҳамаи ҳуҷҷатҳоямро доданд, аммо аз 170 сомониам дарак нашуд. Ҳарчанд борҳо даҳонӣ муроҷиат кардам, фоида набахшид. Ҳатто ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр хаттӣ низ муроҷиат намудам ва ёрӣ хостам. Чорае наандешиданд. Телефонӣ гуфтанд, ки мо 170 сомонии шуморо ҷамъ карда бурда медиҳем. Аммо ба ин розӣ нашудам. Аслан гап дар бораи 170 сомонии ман намеравад. Гап дар бораи муносибат ба шаҳрванди ҷабрдида, маҷрӯҳ ва беҳушу беёд аст. Ман чӣ сон минбаъд ба кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ ва табибони беморхонаи шаҳр бовар намоям? Магар ин амал дуздӣ нест?
Исфандиёр САФАРОВ,
шаҳри Ваҳдат
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3283