номаҳо
Трансформатори иловагӣ васл мегардад
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ навиштаи Қиёмиддини Амирхонро бо номи «Овози имдодхоҳонаи моро бишнавед», ки дар гӯшаи «Розу ниёз» («Ҷумҳурият», 25 августи соли 2009) ба табъ расида буд, мавриди баррасӣ қарор дод. Иҷрои масъалаҳои пешниҳоднамудаи муаллиф ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба сардори шабакаҳои барқии ноҳияи Восеъ М. Одинаев вогузор карда шуд.
Барои мӯътадил намудани қувваи барқ дар ҳудуди деҳаи Кафтархона 2500 метр хати барқи фарсуда иваз ва трансформатори деҳа таъмир гардид.
Мувофиқи нақшаву чорабиниҳои шабакаҳои барқи ноҳия моҳҳои октябр – ноябри соли ҷорӣ дар деҳаи Кафтархона трансформатори иловагӣ васл мешавад.
С. ВАЛИЕВ,
иҷрокунандаи раиси ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3284