logo

ҳуқуқ

ДАНҒАРА. 70 НАФАР ҶАВОНИ ВАТАНДӮСТ БА САФИ АРТИШ ПАЙВАСТ

Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ки 1 апрели соли ҷорӣ оғоз гардид, дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат  муташаккилона идома дорад. Аз ноҳияи Данғара низ то имрӯз аллакай 70 нафар ҷавони ватандӯст ва қобили хизмат ба сафи Артиши миллӣ пайваст.
Тавре Садриддин Сайдализода, раиси комиссияи ноҳиявӣ оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, дар рӯзи гусели наваскарон изҳор дошт, адо намудани хизмати ҳарбӣ қарзи ҷавонмардии ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Зеро Артиши миллӣ мактаби бузурги мардонагист.
Комиссариятҳои ҳарбӣ низ чун як узви Артиши миллӣ вазифадоранд, ки корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзӯр намоянд, то сафи даъватшудагон ба хизмати ҳарбӣ тадриҷан афзояд. Тибқи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Мо ин вазифаи худро бояд бо ҳисси ифтихор ва масъулияти баланд иҷро намоем. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби обу тоби ҳаёт аст. Зеро ҷавонон маҳз дар давраи хизмати ҳарбӣ имкон доранд, ки моҳияту мафҳумҳои Ватан, давлат ва муқаддасоти миллии худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.
Эмомалӣ Сатторов, аз ҷумлаи ҷавонони далер аст, ки сари вақт ба комиссарияти ҳарбии ноҳия ҳозир шудаааст. Ӯ зимни суҳбат иброз дошт, ки ҷавонон бо камоли ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ бояд омодаи хизмат бошанд. Дарк кунанд, ки ҳимояи марзу буми Ватан қарзи фарзандӣ ва мояи ифтихори ҳар як ҷавонмард мебошад.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2018    №: 77    Мутолиа карданд: 1043
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед