номаҳо
Соҳиби аробачаи маъюбӣ гардидам
Солҳост, ки бистариам. Ба аробачаи маъюбӣ ниёз доштам.
Миёнаҳои моҳи август раиси шаҳри Панҷакент, мӯҳтарам Хусрав Абдуназаров бо сафари корӣ дар ҳайати кормандону роҳбарони идораву муассисаҳои гуногун ба деҳоти Фароб ташриф оварданд. Тибқи нақшаи кориашон ба аёдати банда низ омаданд. Ҳини дидору ҳолпурсӣ, тақдими тӯҳфаву табрик ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам ва дигар ҷашнҳо, аз мушкилоту проблемаҳои зиндагиам пурсон шуданд. Паи ҳаллу фасли як силсила мушкилотам ба масъулини идораҳо амру супоришҳо дода аввал бо аробачаи маъюбӣ таъмин намуданро ваъда карданд. 1 сентябр аробачаро бароям ҳамроҳи чанд китоб оварда тақдим намуданд.
Ман аз фурсат истифода бурда, чун мухлиси доимии рӯзнома тариқи он ба раиси дилогоҳу ғамхор изҳори ташаккуру сипос менамоям.
Фирӯзшоҳи Фаробӣ,
шаҳри Панҷакент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3143