номаҳо
Шумораи китобхонҳо кам аст. Чаро?
Ҳолати китобхонаҳои деҳоти ноҳияи Файзобод ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Аз тарафи методистон назорат бурда ва ёрӣ дода намешавад. Аз ин рӯ дари китобхонаҳо ҳафтаҳо қуфл аст. Дар байни меҳнаткашон, хонандагони мактаб ва аҳолии деҳот барои ҷалбу зиёд намудани миқдори китобхонҳо тарғибу ташвиқ намебаранд. Конференсияҳои хонандагон аз рӯи асарҳои адибон гузаронида намешавад. Вохӯриҳоро бо шахсиятҳои шинохта ташкил намекунанд.
Дар маркази ноҳия низ кори китобхонаҳо хуб нест. Шумораи хонандагон хеле кам мебошад. Аз гардиши китоб беҳтар аст ҳоло сухан нагӯем, ки табъ хира мешавад. Варақаҳои китобдоронро рӯякӣ пур мекунанд.
На ҳама роҳбарону кормандони масъули идораҳо узви китобхонаанд. Яъне, ташаббус нишон намедиҳанд, ки дигарон ба онҳо пайравӣ намоянд. Ба шӯъбаҳо ҷудо кардани китобҳо, ба онҳо рақам гузоштан дида намешавад.
Хуб аст, ки имсол ба китобхонаи марказӣ 4 ҳазор нусха китобро идораю муассисаҳо ва одамони алоҳида тақдим карданд. Аммо бо чунин муносибат шумораи китобхонҳоро зиёд кардан метавон?
Маҷид ҲОМИДОВ,
ноҳияи Файзобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3208