номаҳо
Ҷавоби дуруст
гирифта метавонем?
Ба пиндори ман, таълими фанни равоншиносӣ дар мактабҳои олии кишварамон ҷавобгӯи талабот нест. Агарчи 18 сол аз Истиқлолияти давлатӣ гузашта бошад ҳам, на китоби таълимии ин фан дар сатҳи баланд таълиф гардидасту на равоншиносони шинохтаву бузург ба воя расиданд. Ҳоло ҳам мо такя ба таълимоти шахсиятҳои беруни кишвар менамоем ва равоншиносии тоҷикро ба вуҷуд наовардаем. Дар натиҷа таълиму тарбия самараи дилхоҳ намеорад ва ба бисёр масъалаҳои рӯз ҷавоби дуруст ёфта наметавонем.
Матбуоти давриро пайваста мутолиа мекунам, аммо мақолаҳои проблемавии равоншиносони мо ба чашм намерасад. Магар мо дар ин соҳа мутахассисони варзида надорем? Чаро онҳо бо навиштаҳояшон аҳли ҷомеаро ба роҳи дуруст ҳидоят наменамоянд? Барои чӣ оиди проблемаҳои соҳа баромад намекунанд? Муносибат дар таълиму тарбия вобаста ба замони нав бояд чӣ гуна бошад? Охир, ин ва дигар масъалаҳои мубрамро ҷуз равоншинос бояд кӣ матраҳ кунаду ҷавоб гӯяд?
Ва ману дигар омӯзгорон метавонем посух бигирем, ки ин соҳа дар ҳоли рушд асту дар оянда ба бисёр пурсишҳоямон ҷавобҳои мусбат медиҳад?
Х. РАҶАБОВ,
омӯзгори мактаби рақами 13-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3226