logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ЗАМИН
Дастгир шудани ду нафар ҳангоми гирифтани пора

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси муроҷиати як шаҳрванд нафаронеро боздошт намуданд, ки дар қаллобӣ вобас-та ба замин айбдор мешаванд.

Ба иттилои дафтари матбуоти агентӣ, шаҳрванд «Б» бо ариза ба ин ниҳод муроҷиат кардааст, ки Амрулло Умаров, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ва Ёқуб Махсумов, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, барои вобаста намудани 0,06 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар деҳаи Дарёбоди Ҷамоати деҳоти Чимтеппа аз ӯ 13000 доллари амрикоӣ талаб намудаанд. Кормандони агентӣ дар пайи ин муроҷиат рӯзи 14 апрел зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ афроди ришваталабро ҳангоми аз шаҳрванд «Б» гирифтани 5000 доллар дар ошхонаи “Ҳоҷиён”, воқеъ дар назди бозори “Саховат” - и шаҳри Душанбе дастгир намуданд.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Амрулло Умаров ва Ёқуб Махсумов бо моддаи 32 қисми 3 ва 247 қисми 4 банди “б” - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Зани наберафурӯш боздошт шуд
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти зане хабар дод, ки дар харидуфурӯши наберааш гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои манбаъ, кормандони мақомоти милитсия ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ муайян кардаанд, ки зани 49 - солаи сокини ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон рӯзи 20 марти соли 2016 набераи ноболиғи худро ба зани 35 - солаи сокини ноҳияи Қубодиён фурӯхтааст. Маблағи фурӯши кӯдак 1200  сомонӣ ва 100 доллари амрикоӣ гуфта мешавад, ки онро фурӯшанда ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Айни ҳол нисбат ба зани гумонбар дар харидуфурӯши ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2018    №: 79    Мутолиа карданд: 1025
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед