logo

маориф

КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ. МАҚСАД - ОМОДА НАМУДАНИ КАДРҲОИ БА ТАЛАБОТ ҶАВОБГӮ

Коллеҷи фарҳанги  ҷумҳуриявӣ ба номи Партов Буйдоқов  дар омода намудани кадрҳои соҳаи санъату фарҳанг  нақши калон дорад. Ин даргоҳ, ки таърихи беш аз 70 - сола  дорад, миёни фарҳангиёни кишвар бо номи академияи фарҳанг маълуму машҳур аст.

Он соли 1945 таъсис ёфта, техникуми китобхонавии Тоҷикистон ном дошт. Баъдтар номи омӯзишгоҳи маданӣ - маърифатиро гирифт. Дар соли 1992 ба омӯзишгоҳи фарҳангӣ - маърифатии ба номи Партов Буйдоқов табдили ном кард. Аз соли 2001 ҳамчун коллеҷи  фарҳанги ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад.
Ин даргоҳ агар чи дар тӯли фаъолияти худ борҳо ивази ном намуда бошад ҳам, мақсаду вазифаи худро боре ҳам иваз накардааст. Омода намудани кадрҳои баландихтисосу ҷавобгӯи талаботи давр ҳама замон барои муассиса ва устодони он муҳимтарин вазифа ба шумор мерафт. Ин буд, ки давоми фаъолияти бисёрсолааш тавонист мутахассисонеро омода созад, ки дар соҳаҳои гуногун, хусусан дар соҳаи фарҳангу ҳунар фаъолияти пурсамар намоянд. Абдураҳим Раҳимов ва Ато Ҳамдам барин шахсиятҳо, ки вазифаи вазири фарҳанги кишварро ба зимма доштанд,  дастпарварони ҳамин даргоҳ ҳастанд. Ҳаким Солиев, Карим Қурбонов, Соҳибназар Ғоибназаров, Ғаффор Ашӯров, Раҳимҷон Шарифов, Амон Қодиров, Ҳабибулло Нозирӣ, Саидмурод Мардонов низ аз ҷумлаи нафаронеанд, ки аз устодони ҳамин даргоҳ таълим гирифтаанд.
Ҳоло дар он шуъбаҳои рӯзноманигорӣ, мусиқӣ - омӯзгорӣ, китобдорӣ, менеҷменти фаъолияти  иҷтимоӣ ва ташкилотчии корҳои фарҳангӣ амал менамояд. Бо назардошти рушди илму техника ва барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи рӯз, дар коллеҷ барои хонандагон шароити хуби таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Синфхонаҳои барҳавои муҷаҳҳаз бо компютер ва дигар аёниятҳои таълимӣ барои донишандӯзии хонандагон мусоидат менамоянд. Китобхонаи муассиса пайваста бо адабиёти нав таъмин мешавад. Ба осорхонаи коллеҷ, ки дар тарбияи худшиносии хонандагон нақш дорад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Хобгоҳи хонандагон низ шароити хуб дорад. Дар муассиса ба ҳама гуна омиле, ки метавонад боиси боло бурдани сатҳи дониши хонандагон гардад, эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Зеро беҳтар гардидани сифати таълим ва боло бурдани сатҳи дониши хонандагон аз масъалаҳоест, ки ҳалли дурусти он на танҳо барои соҳаи маориф, балки барои соҳаҳои дигар муҳим арзёбӣ мегардад. Бо назардошти ин барои хонандагони литсейи назди коллеҷ низ шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Дар коллеҷ шуъбаи ғоибона низ амал мекунад, ки ҳоло дар он хонандагон аз минтақаҳои гуногуни кишвар таҳсил мекунанд, ки аксарияташон дар баробари таҳсил фаъолияти меҳнатӣ доранд.
Аҳли омӯзгорони коллеҷ талош доранд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда сатҳи дониши хонандагонро боз ҳам боло бурда, кадрҳои ҷавобгӯи талаботи рӯз омода созанд. Ба ин хотир, омӯзгорон пайваста ба бозомӯзӣ ва курсҳои такмили ихтисос ҷалб мешаванд ва талош менамоянд, ки бо технологияи муосири таълим ошноӣ дошта бошанд.
Идрис ОҚИЛОВ,
директори Коллеҷи фарҳанги  ҷумҳуриявӣ
ба номи Партов Буйдоқов


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2018    №: 79    Мутолиа карданд: 1115
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед