номаҳо
Дониш бошад, донишҷӯ мешавед
Мӯҳтарам масъулини гӯшаи «Розу ниёз»!
Мо, як гурӯҳ волидайн, аз ноҳияи Исфара хоҳиш дорем мактуби моро ба чоп расонед. Бо рӯи коғаз овардани ин сатрҳо мо мехоҳем ба сокинони ҷумҳурӣ расонем,ки ҳама гуна овозаю дарвоза дар бораи он ки ба мактабҳои олӣ бе супурдани маблағ дохил шуда наметавонед, асос надорад. Худ шоҳид шудем, ки фарзандони мо бо такя ба дониш сазовори номи донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шуданд. Ҳарчанд дар давоми омодагӣ ба имтиҳонҳо чандин миёнравҳо «хизмат»-и худро пешниҳод мекарданду таъкид медоштанд, ки кӯшиши шумоён бефоида асту бе «ставка» фарзандонатон ҳаргиз дохил намешаванд.
Дар ҷараёни имтиҳонот шаффофият пурра таъмин буд. Он нафароне, ки аз имтиҳон нагузаштаанд, бе ягон монеа сабаби баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанашонро фаҳмиданду қаноатманд гардиданд.
Ба устодони Донишгоҳи давлатии тиббии мамлакат ба ин хотир арзи сипос менамоем ва дар фаъолияти кориашон барор мехоҳем.
Бо эҳтиром Б.ҚОСИМОВ,
аз номи 45 нафар волидайн,
ноҳияи Исфара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3127