номаҳо
Аз ёриҳои беғаразона сипосгузорем
Ҷамоати деҳоти «Ғалаба» аз маркази ноҳияи Фархор 7 км дур ҷойгир шуда, тӯли 50 км бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст. Дар ҳудуди он 5 деҳа ҷойгир мебошад, ки аҳолияш 8506 нафарро ташкил медиҳад ва дар 5 мактаб хонандагон таҳсил менамоянд.
Дар арафаи соли нави хониш Маркази дастгирии Ҷамоати деҳоти «Ғалаба» дар асоси лоиҳаи пешниҳоднамуда ба намояндагии ҳамоҳангсозии барномаҳои агентии ҳамкории байналмилалии Туркия «Тика» дар Тоҷикистон оиди расонидани ёрӣ ба мактаб ва мактаббачагони деҳаҳои ҳудуди ҷамоат ҳамкориро оғоз намуд. Дархости мо аз ҷониби ташкилоти мазкур бароварда шуд. Яъне, ёрӣ иборат аз 120 маҷмӯи мизу курсӣ, 4 мизи тенис ва 4 тӯри волейболбозӣ, 6 тӯби футбол ва 6 тӯби волейбол дар ҳаҷми 10 000 доллари ИМА буд.
Бо сарпарастии хазинаи эҳсонкори «Маориф» бошад, 49 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 4300 нусха, ки арзиши онҳо 39527 сомониро ташкил медиҳад, дастрас гардид. Китобҳо ба хонандагон ройгон дода шуд.
Аз ин кӯмакҳои беғаразона аҳли Ҷамоати деҳоти «Ғалаба» шоду сарфароз буда, изҳори сипос менамоянд.
Исмоналӣ САФАРОВ,
раиси созмони ҷамъиятии Маркази
дастгирии Ҷамоати деҳоти «Ғалаба»-и
ноҳияи Фархор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3150