logo

маориф

ҲИСОР. ҶАМЪБАСТИ МУВАФФАҚОНАИ ОЛИМПИАДА

Дар Қасри тозабунёди фарҳанги шаҳри Ҳисор вохӯрии раиси шаҳр  Шарифҷон Ҷумъазода бо собиқадорони соҳаи маориф ва хонандагону донишҷӯёни болаёқат  доир гардид.

Дар вохӯрӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Раҳматулло Мирбобоев, муовини якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, инчунин, намояндагони соҳаҳои мухталиф ширкат варзиданд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода аз муваффақиятҳои тайи солҳои охир ба даст омадаи соҳаи маорифи мамлакат ёдовар шуда, иброз дошт, ки рӯз ба рӯз дар шаҳри Ҳисор дастовардҳои соҳаҳои иҷтимоии шаҳр - маориф, фарҳангу тандурустӣ бештар ба чашм мерасанд.
Мавриди зикр аст, ки чанде пеш Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври минтақавии олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро баргузор намуд. Олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ - гуманитарӣ ва табиӣ - риёзӣ байни синфҳои 9 - 10 дар мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Дар олимпиадаи фаннии минтақавӣ  зиёда аз 1000 хонанда иштирок намуд.   Натиҷаи олимпиада нишон дод, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор сазовори 55 ҷой гардиданд.  Дар даври минтақавии олимпиада хонандагони мактаби  президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор бо гирифтани 24 ҷойи ифтихорӣ (9 медали тилло, 6 медали нуқра, 9 медали биринҷӣ)  байни дигар муассисаҳои таълимӣ мақоми аввалро сазовор гаштанд.
Ш. Ҷумъазода, зикр намуд, ки давоми солҳои охир мамлакати мо тавассути фаъолияти дастаҷамъона ва аҳлона дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба дастовардҳои беназир ноил шуда, рушду пешрафти босуръату босифати он дар ҳамаи соҳаҳо таъмин мегардад. Боиси ифтихор аст, ки таъмини зиндагии шоистаи хонандагону донишҷӯён пайваста таҳти дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2018    №: 81    Мутолиа карданд: 1104
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед