маориф
ДДД. ҲАДАФИ АСОСӢ - ТАЪМИНИ РАҚОБАТПАЗИРӢ
Дар зарфи се соли охир тибқи маълумоти оморӣ Донишгоҳи давлатии Данғараро 1294 нафар хатм намудаанд, ки аксари онҳо имрӯз дар муассисаҳои илмию истеҳсолӣ ва таълимии ҷумҳурӣ фаъолияти самарабахш доранд.
Дар донишгоҳ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Бо назардошти шароити ҷуғрофии минтақа ва мавҷудияти Минтақаи озоди иқтисодӣ дар донишгоҳ аз рӯи 17 ихтисос магистратура ва аз рӯи 22 ихтисос аспирантура бо фарогирии зиёда аз 120 аспирант, унвонҷӯ ва магистрант амал мекунад. Бино ба иттилои Нуралӣ Набот Шоҳиён, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, феълан дар донишгоҳ 3957 донишҷӯ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар бинои нави таълимӣ 25 сектор ва марказҳои гуногун ба монанди маркази иттилоотӣ ва тарғиботии мавҷҳои радио ва телевизионии «Амри вақт», маркази таълимию тренингии забон ва технологияҳои навини Федератсияи Русия ва Чин, сектори таълимӣ - тренингии технологияҳои навини истеҳсолии АвруОсиё ва лоиҳаҳои грантии сектори рушди донишҳои сиёсӣ ва бакамолрасии роҳбарони замони нав амал мекунанд. Дар соли таҳсили 2017 донишгоҳ соҳиби иҷозатномаи ташкили курсҳои сертификатсионӣ аз рӯи 54 номгӯи касбу ҳунар гардид, ки барои касбомӯзии донишҷӯён ва татбиқи барномаҳои таҷрибаомӯзӣ дар марказҳои таълимӣ – тренингии тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Ба курсҳои сертификатсионии мазкур 175 нафар донишҷӯ шомил гашта, соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Тайи солҳои 2016 -2017 дар асоси барномаи махсус дар донишгоҳ корҳои ободонии гирду атроф, шинондани дарахтони сояафкан, ороишӣ ва дигар корҳои вобаста ба беҳсозии муҳит ба сомон расид. Дар ҳудуди донишгоҳ ва хобгоҳҳои донишҷӯёну омӯзгорон 1032 дарахтони гуногун, 13639 гулбутта ва гулҳои мавсимӣ шинонда шуд.
Барои ҳавасманд гардондани омӯзгорон, кормандон ва махсусан омӯзгорони ҷавони донишгоҳ 75 гранти махсуси ректори донишгоҳ дар 4 самти асосии фаъолият: таълим, таҳияи китоб, дастурҳои методӣ ва фаъолияти инноватсионӣ таъсис ёфта, ба 71 омӯзгору корманди донишгоҳ дар вазъияти тантанавӣ супурда шуд. Маблағи умумии ҷоизаҳо зиёда аз 50 000 сомониро ташкил дод.
Раёсати донишгоҳ дар доираи ҳамкории бурунмарзӣ соли 2017 тавонист ба хазинаи донишгоҳ зиёда аз 1000 китоби таълимӣ, монография, дастурҳои таълимиро ворид созад. Инчунин, бо истифода аз қарзи дебиторӣ ва ба имзо расондани созишномаҳо бо як қатор ширкатҳо ба китобхонаи донишгоҳ зиёда аз 1 ҳазору 300 адад адабиёти нав ворид карда шуд. Дар соли 2017 донишгоҳ бо 14 таълимгоҳи олии хориҷ шартнома ба имзо расонда, 20 нафар донишҷӯ ба Академияи кишоварзии кишвари Примор, аз ҷумла 15 нафар донишҷӯ аз рӯи зинаи бакалавр фиристода шуданд. Ба истифода аз шартномаҳои баимзорасида ба Донишгоҳи давлатии аграрии Воронеж ба номи Пётри 1 аз рӯи ихтисосҳои барои рушди минтақа зарур 22 нафар ба курси 1 - ум қабул шуданд. Дар соли таҳсили 2018 - 2019 бошад, дар донишгоҳ аз рӯи 64 ихтисоси мувофиқ ба талаботи замони муосир ва бозори меҳнат қабули довталабон ба нақша гирифта шудааст.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.04.2018 №: 81 Мутолиа карданд: 1343