logo

порлумон

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ГУЗАРИШИ ХАТИ САРҲАД МУАЙЯН МЕГАРДАД

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба тасвиб расид.
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии шартномаи мазкур иброз дошт, ки он 9 марти соли ҷорӣ дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Шартномаи мазкур ба аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 5 октябри соли 2002 асос меёбад. Шартнома дорои се замима: тавсифи гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз рӯи қитъаҳои алоҳида, харитаҳои топографӣ ва харитаҳои электронӣ мебошад, ки қисми ҷудонопазири он ба ҳисоб мераванд. Тарафҳои аҳдкунанда ба мувофиқа расиданд, ки қисми боқимондаи сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро аз нуқтаи сарҳадии № 116 то нуқтаи сарҳадии № 117 бо шартномаи алоҳида муайян намоянд. Шартномаи делимитатсияи 192,37 километри хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар гирифтааст.
- Шартнома дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтироми мутақобила ва баробарҳуқуқӣ дар асоси принсипҳои эҳтироми мустақилият, соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии сарҳадҳои давлатии ҳар ду кишвар, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар таҳия гардида, бо мақсади дақиқ ва муайян кардани гузариши хати сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар қитъаҳои алоҳида аз тарафи президентҳои ҳар ду кишвар ба имзо расонда шудааст, - иброз дошт Низомиддин Зоҳидӣ.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2018    №: 81    Мутолиа карданд: 5451
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед