маориф
МАОРИФ. САЗОВОРИ БОВАРӢ БОШЕМ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд: «Нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ аз се самти асосӣ - дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд. Ҳукумати кишвар барои беҳтар намудани вазъ дар самтҳои мазкур барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ карда, тайи ду соли охир ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардидааст».
Бахусус, дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддӣ роҳандозӣ гардида, ислоҳот ва навсозиҳо босуръат идома доранд. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 - 2020» қабул гардида, саводнокӣ миёни аҳолии калонсол беҳтар шуда истодааст. Ва ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, дар ҳоли афзоиш аст. Инчунин, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми имсола зикр гашт, мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом доданд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54 - умро ишғол намуд. Аз рӯи ин нишондод Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд.
Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маориф 2,3 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 - ум 16 дарсад зиёд гардид. Аз 1- уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 дарсад, инчунин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 дарсад зиёд карда мешавад.
Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии кишвар ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуд. Дар робита ба ин, омӯзгоронро зарур аст, ки барои эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ хонандагонро ҷалб намуда, ин ҳунарҳоро, ки аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст, омӯзонем. Мо - омӯзгорон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем ва сатҳу сифати таълимро дар ҳама зинаҳои таҳсилот хуб ба роҳ монем, то шогирдонамон дар оянда мутахассиси хуб шуда, ба Ватани хеш хидмат намоянд.
Сайлигул ОДИНАЕВА,
омӯзгори МТМУ № 17 - и ноҳияи Фархор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.04.2018 №: 83 Мутолиа карданд: 1186