logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АСКАР МАМИН

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Маминро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории стратегии Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин роҳҳои густариши минбаъдаи он, баррасӣ карда шуд.
Ҷонибҳо аз самти тамоюлҳои мусбати ҳамкории самарабахши ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои охирин сафари бобарори расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Остонаро, ки зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба даст омад, баҳри идомаи якҷояи кор оид ба татбиқи созишномаҳои музокироти сатҳи олӣ, муҳим арзёбӣ намуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намудани бастаи санадҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла “Созишнома дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар” - ро махсус таъкид намуданд.
Зимни мулоқот масъалаи баланд бардоштани сатҳи робитаҳо дар доираи ҳамраисии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки дар он рушди маҷмӯии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ мегардад, муҳокима карда шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, диверсификатсияи тиҷорат миёни ду кишвар, рушди муносибатҳо байни минтақаҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва тиҷоратӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои истихроҷ ва саноати сабук, бахусус дар соҳаҳои энергетика ва туризм, кишоварзӣ, инчунин дигар соҳаҳои бахши воқеии иқтисодиёт, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои алоқа, нақлиёт, транзит, истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ, таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва таҳсилоти олӣ аз мавзӯъҳои дигари мулоқоти дуҷониба буданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба саҳм ва нақши ҷаласаи охирини сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти рушди ҳамкории минтақавӣ баҳои баланд дода, натиҷаҳои онро баҳри ҳалли мушкилоти минтақавӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо бори дигар омодагии худро барои идомаву тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ ба хотири аз байн бурдани тамоми монеаҳои роҳи рушди муносибатҳои байнидавлатӣ иброз доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2018    №: 83    Мутолиа карданд: 1496
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед