logo

маориф

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Омӯзгорӣ пешаест пуршараф, вале басо заҳматталаб. Ба ин хотир, пешаи омӯзгориро  на ҳар кас таҳаммул карда метавонад. Қаҳрамони мо, Адолат Бӯриева аз зумраи омӯзгоронест, ки дар ҷодаи интихобнамудааш устувору  муваффақ аст. На танҳо фаъолияти меҳнатӣ, балки рӯзгори хонаводагии ӯ низ барои ҳамагон метавонад намунаи ибрат бошад.
Муаллима беш аз 35 соли умри худро сарфи таълиму тарбия намудааст. Дар баробари 7 фарзандро ба камол расондану соҳибмаълумот кардан вай дар тарбияи садҳо шогирдон низ нақши созгор гузоштаву нисбат ба ояндаи ҳар яки онҳо ҳеҷ гоҳ беэътиноӣ зоҳир нанамудааст. Аз ин ҷост, ки меҳнаташ дар ин самт ҳамеша босамар аст. Чун навҷӯву ташкилотчии хуб аст, пайваста талош меварзад, ки аз технологияи муосир дар раванди таълим истифода барад ва дониши шогирдонро бештару беҳтар такмил диҳад. Маҳз ҳамин талошҳояш  боис гардидааст, ки дар риштаи хеш муваффақу соҳибэҳтиром гардад.
Кордонӣ ва садоқат ба касби дӯстдоштааш буд, ки инак, чанд сол инҷониб Адолат Бӯриева  вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 - и ноҳияи Фархорро ба зимма дорад. Давоми солҳои роҳбарӣ тавассути заҳматҳои пайвастаи ӯ барои хонандагон шароити  хуби таҳсил ва ба омӯзгорон имконоти беҳтарини фаъолият фароҳам оварда шудааст. Шоистаи зикр аст, ки дар амалӣ намудани ҳадафҳои нек ӯ тавонист мардуми деҳаро ба ободониву бунёдкорӣ ҷалб созад. Таъмири боми мактаб аз ҷумлаи корҳои муҳими анҷомдодаи  ӯст.
- Таъмири бом барои мактаб, ки дар он беш аз  930 хонанда дар ду баст таҳсил менамоянд, мушкили асосӣ буд. Боре дар маҷлиси падару модарон масъалаи пӯшондани боми мактабро, ки ҳамасола дар фасли замистон мечакид, баррасӣ намудем. Мардуми деҳа ҳар кас бо ихтиёри худ ва ба қадри имкон барои анҷом додани ин кори хайру савоб маблағ ҷудо намуд. Дар натиҷа боми мактаб пурра таъмир гардид, - мегӯяд Адолат Бӯриева.
Ин кори нек барои мардуми деҳаҳои ҳамсоя намунаи ибрат  гардид ва ҳоло онҳо низ дар таъмиру навсозии мактабҳои деҳаашон саҳм гирифта истодаанд.
Ҳанӯз чанд сол пеш ба хотири рушди соҳаи маориф Пешвои миллатамон дастур дода буданд, ки: «Ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони баландихтисос чораҷӯӣ карда, доир ба ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон, махсусан аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин, бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ  таъмин намудани мактабҳои деҳот, тадбирҳои зарурӣ андешида, то соли 2019 масъалаи  норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар мамлакат пурра бартараф карда шавад».
А. Бӯриева дар муассисаи таълимие, ки роҳба-риашро ба зимма дорад, бо ҷалби омӯзгорони ҷавон  ин мушкилиро бартараф намуд. Акнун хонандагон ҳам забонҳои хориҷиро меомӯзанд ва ҳам технологияи иттилоотиро.
- Бетафовутӣ  нисбат ба  хонандагон ин  беэътиноӣ нисбат ба ояндаи миллат аст. Аз ин рӯ, омӯзгор ҳақ надорад ба ояндаи хонанда бетафовут бошад, -  мегӯяд Адолат Бӯриева.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2018    №: 84    Мутолиа карданд: 1488
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед