маориф
ҲОЛИ МАОРИФ ДАР ВМКБ НИГАРОНКУНАНДА АСТ
Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои таълимӣ, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе доир гардид, 24 нафар хонандаи шаҳру ноҳияҳои ВМКБ иштирок карданд. Мутаассифона, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар ин чорабинӣ ягон ҷойи ифтихориро ба даст наоварданд.
Ин нуктаро Шодихон Ҷамшед, раиси вилоят дар ҷаласае, ки бо иштироки роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳри Хоруғ баргузор шуд, баён дошт.
Аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки кор бо хонандагони болаёқат дар вилоят ба ҳоли худ гузошта шуда, чанд соли охир дар ин самт ягон пешравӣ ба назар намерасад. Раиси вилоят барои ислоҳи камбудиҳо моҳи феврали соли ҷорӣ супоришҳои мушаххас дода буд. Вале то ба ҳол дар ин самт ягон амали раёсати маориф ва шуъбаҳои он ба мушоҳида намерасад. Бо хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ корҳои иловагӣ бурда намешаванд. Онҳо дар доираи барномаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳдуд монда, барои рушди истеъдодашон омӯзгорони ботаҷриба ҷалб нашудаанд. Ҳол он ки ба ин мақсад дар буҷети соҳаи маориф маблағҳои махсус дар назар дошта шудаанд. Марказҳои рушди истеъдодҳо ва муассисаҳои таҳсилоти иловагии вилоят бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ робитаи мустақим надоранд.
Натиҷаҳои бадастовардаи иштирокдорони даври вилоятии олимпиада бозгӯи он аст, ки ба он на хонандагони болаёқат, балки бо ҳар роҳу восита иштирокчиёни тасодуфӣ роҳхат ба даст меоранд. Бинобар ин, роҳбарияти раёсати маорифи вилоят супориш гирифт, ки ҷиҳати ҷалби мутахассисони ботаҷриба бо ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, сарварони донишкадаҳои мустақар дар вилоят шартномаи тарафайн ба имзо расонанд ва корро дар ин самт ҷоннок намоянд.
Раиси вилоят дигар самтҳои хоҷагии вилоятро мавриди таҳлил қарор дода, аз ҷумла ҷиҳати афзоиши қарздории андоз дар семоҳа нисбат ба аввали соли 2018, ба мақомоти андози вилоят эрод гирифт. Боиси нигаронист, ки дар вилоят аз 41 корхонаи истеҳсолӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 18-тоашон тамоман фаъолият накарданд. Зикр гардид, ки корхонаҳои дӯзандагии “Ахтари меҳр”- и ноҳияи Дарвоз ва “Ҳаёти нав”- и шаҳри Хоруғ гӯё бо сабаби пайдо нагардидани харидор барои маҳсулоташон ва набудани бино барои фаъолият аз кор мондаанд. Ин дар ҳолест, ки барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ либоси мактабӣ лозим аст ва онҳо либоси ягонаро бо нархи гарон аз дигар минтақаҳои кишвару берун аз он дастрас мекунанд. Шодихон Ҷамшед дастур дод, ки ҷараёни сохтмони 27 коргоҳу корхонаи истеҳсолие, ки соли равон бояд сохта, ба истифода дода шаванд, таҳти назорати қатъии масъулин қарор гирад.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.04.2018 №: 85 Мутолиа карданд: 1417