logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

КУШТОР
Маҳкумшудагон дубора даст ба ҷиноят заданд
Вазорати корҳои дохилӣ ба гумони даст доштан дар ҷинояти куштор аз боздошти ду нафаре хабар дод, ки қаблан низ барои содир намудани ҷиноят маҳкум ба зиндон шудаанд.
Шахсони гумонбар 13 апрели соли 2018 дар соҳили дар-ёи Панҷ, мавзеи бошишгоҳи «Шоҳ - Носир» - и деҳаи Дерушон, дар ҳолати мастӣ бо марди 43 - солаи сокини ноҳияи Рӯшон ҷанҷол намуда, ӯро шадидан латукӯб намудаанд. Дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ин мард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Вобаста ба ин ҳолат, бо моддаи 110 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Манбаъ аз ин афрод, ки ҳар ду истиқоматкунандаи деҳаи Дерушони ноҳияи Рӯшонанд, мардони 53 ва 46 - сола ном бурда, иттилоъ медиҳад, ки онҳо қаблан бо моддаи 335, моддаи 244 қисми 2  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд.

ҚАЛЛОБӢ
Боз як заминфурӯш боздошт шуд
Кормандони милитсия дар шаҳри Панҷакент марди 42 - солаеро боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар мешавад.
Шахси гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ ҳанӯз моҳи ноябри соли 2013 як сокини деҳаи Фороби шаҳри Панҷакентро фиреб додааст. Боздоштшуда дар маслиҳат бо раиси хоҷагии деҳқонии “Савр” барои ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз марди 56 – сола 2 ҳазору 100 - доллари амрикоӣ гирифта, бар иваз ба ӯ “Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин” - ро бо роҳи сохтакорӣ тайёр намуда, додаанд.
Ба навиштаи сомонаи ВКД, ҳоло аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.05.2018    №: 86    Мутолиа карданд: 1047
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед