logo

мулоқотҳо

СУҲБАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ТОМАС ГРЕМИНГЕР

4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” бо Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Томас Гремингер мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро дар ҷодаи таҳкими ҳамкории муштарак ва таъмини сулҳу субот, амният ва рафоҳати фарогир иброз доштанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз қабили таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи сарҳадот, хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир, ки дар сархаташон терроризму экстремизм, тундгароии хушунатомез ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ меистанд, инчунин, муборизаи муштарак бар зидди дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеаро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон мутобиқ ба принсипҳои САҲА ҷиҳати решакан кардани терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ хоҳони ҳамкорӣ мебошад ва мавқеи кишвари мо дар ин масъала кушоду равшан ва орӣ аз “меъёрҳои дугона” аст.
Изҳори умед карда шуд, ки дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд САҲА дар самти ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон, татбиқи Стратегияи миллии ҳифзи сарҳадоти мо, таҳкими ҳамкориҳо дар ченакҳои иқтисодию муҳити зист ва инсонӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла рафъи камбизоатӣ мусоидати фаъол менамояд.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба фазои бонизоми сиёсӣ дар Тоҷикистон, озодбаёнӣ, фаъолияти муназзами иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ақаллиятҳои миллӣ ва иттифоқҳои касаба табодули андеша сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2018    №: 88    Мутолиа карданд: 1330
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед