logo

мулоқотҳо

ВОХӮРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО МУБАШАР ҶОВИД АКБАР

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 май дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” бо вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар мулоқот доштанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки айни замон ҳамкории кишварҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷараёни мусбатро касб кардаанд ва мо ҷонибдору ҳавасманди густариши равобити гуногунҷанба бо Ҳиндустони дӯст ҳастем.
Татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои мушаххаси муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, саноат, илму технология, сайёҳӣ, тандурустӣ, нақлиёт ва фарҳангию гуманитарӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба номида шуд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо татбиқи бештари тарҳҳои зербиноии миллию минтақавии худ, бахусус дар ҷодаҳои энергетика, нақлиёт, сохтмони роҳҳои оҳан ва автомобилгард, неругоҳҳо, таъсиси бозорҳои наздисарҳадӣ, талош меварзад.
Таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла намак, шакар, шарбатҳои гуногун, коркарди мева, сабзавот ва маъданҳои гуногун, фармасевтика, барои рушди иқтисодиёти кишварҳо судовар арзёбӣ гаштанд.
Ҳамкорӣ дар бахшҳои илм, маориф, фарҳанг, соҳаҳои туризм ва синамо аз имкониятҳои дигари фаровони муносибатҳои дуҷониба маънидод гардид.
Зимни мулоқоти самимӣ ҷонибҳо доир ба мавқеи кишварҳо оид ба ҳалли масъалаҳои мубрам дар самти аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амнияти минтақавӣ, ҳалли қазияи Афғонистони ҳамсоякишвар ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Дар ҷамъбасти мулоқот вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар иброз дошт: “Ҳиндустон шарики табиӣ ва боэътимоди Тоҷикистон буда, роҳбарияти олии кишвари мо нақши калидии Шуморо дар роҳи пешгирии терроризм эътироф менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳ ва сарҳадоти набард бо ин зуҳуроти нангин қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон саҳми бориз ва талошҳои пайвастаи пурсамари Шумо - Ҷаноби Олиро, ки минтақаро аз ин вабои сирояткунанда раҳоӣ бахшидед, арзишманд дониста, бо итминон таъкид менамояд, ки Тоҷикистон наҷотбахши на танҳо минтақаи Осиёи Марказӣ, балки фаротар аз он то кишварҳои назди баҳрҳои Каспий ва Сиёҳ мебошад”.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2018    №: 89    Мутолиа карданд: 1436
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед